Асри 20 ҳамчун марҳилаи илоҳоти иқтисодӣ ва азнавсозиҳо хотирмон аст. Аммо бо ба охир расии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва гузариш ба сиёсати нави иқтисодӣ шаклҳои нави идоракунии ҳаёти иқтисодӣ истифода бурда мешаванд. Ҷоннокшавии фаъолияти савдоӣ, ба тартибдарорӣ ва беҳбудии молиявӣ дар тамоми манотиқи Шӯравӣ ба амал омада, шароит барои таъсиси институти палатаҳои савдо ва саноат бо мақсади алоқаҳои иқтисодии беруна ба мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик, мусоидат ба корхонаҳо ва ташкилотҳои савдои ватанӣ дар густариши савдои дохила фароҳам меояд.

Бо қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон таҳти № 130 аз 30.03.1960 сол дар шаҳри Душанбе Палатаи савдои РСС Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар соли 1972 Палатаи савдои РСС Тоҷикистон ба Палатаи савдо ва саноати РСС Тоҷикистон азнав таъсис дода шуда, ба ҳайати ПСС-и ИҶШС дохил гардид.

Дар соли 1985 Оинномаи нави ПСС РСС Тоҷикистон  қабул карда шуд, ки вусъати хизматрасониҳоро дар савдои беруна бо назардошти экспертиза, шаҳодати сертификатҳои мамлакати пайдоиши молҳо, ташкили намоишгоҳҳои  хориҷӣ, вусъати хизматрасониҳои ахборотӣ, мусоидат ба патентонӣ ва ғайраҳоро пешбинӣ менамояд. Палата дар мамлакат ҳамчун ташкилоти пешбар дар самти тарҷумаи техникии забонҳои хориҷӣ ва муассисаи ягона шуда истодааст. Бо хизматрасонии рекламавӣ ва тарҷумаҳои мунтазам байни корхонаҳо корҳои ахборотӣ анҷом дода мешаванд.

22-уми майи соли 1998 Парлумони мамлакат  Қонун «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки статуси юридикии Палатаро муайян намуд ва фазои ҳуқуқии фаъолияти онро вусъат бахшид. Қабули он қадами бузург  дар рушд ва густариши ПСС ҶТ мебошад, ки ба пурратар амали гардонидани вазифаҳои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон, аз он ҷумла тиҷорати хурду миёна, гузариш ба стандартҳои байналхалқии фаъолияти палатаҳои савдо ва саноати дунё имкон медиҳад.

Анҷумни навбатии III-уми ПСС ҶТ 30-уми октябри соли 1998 дар фаъолгардии фаъолияти Палата таккон дод. Тағйирот ва иловагиҳо дар Оинномаи ПСС зарурияти азнавсозии сохтории он, мустаҳкам намудани асоси аъзогиҳо ва вусъат додани соҳаи фаъолият  бо мамлакатҳои хориҷаи дурру наздикро  ба миён овард.

16-уми октябри соли 2003 дар Анҷумни навбатии IV-уми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шариф Саид Раиси ПСС интихоб гардид. Мутобиқи Қонун «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Оиннома таҳлия гардида, дар Анҷумани IV-уми ПСС ҶТ тасдиқ карда шуд.

Самтҳои асосии фаъолият дар ҳозира аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Анҷумани V-уми ПСС ҶТ асос гирифтааст. Ин пеш аз ҳама ягонагии иқтисодиёти мамлакат дар хоҷагии дунявӣ, бо назардошти ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои тиҷорати тоҷик дар хориҷа, инчунин мусоидат ба ҷараёни воридоти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии савдо мебошад. Ҳалли мушкилотҳои иқтисодӣ бе муттаҳидшавӣ ва иштироки доираи соҳибкорӣ, таҷдид ва азнавсозии истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ғайри имкон мебошад. Дастгирии соҳибкории хурду миёнаи – масъалаи аввалиндараҷаи муҳим аст. ПСС ҶТ дар реҷаи мунтазами мусоҳибӣ бо ҳамаи зерсохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

ПСС ҳаррӯза мавқеи худро ҳамчун иттиҳоди муҳими ҷамъиятии Тоҷикистон, ки дар ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷа мустаҳкам истодааст, устувор менамояд. ПСС ҶТ таҷрибаи кофии ҳамкории самаранок ва манфиати мутақобила дошта ба эътиқоди шаффоф, софдилона ва ҳамдастӣ асос ёфтааст. Дар асоси чунин шарики бомуваффақият манфиатҳои тарафайн дар фароҳам овардани шароитҳои  мусоид барои рушди алоқаҳои савдою иқтисодии байналхалқӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ дар иқтисодиёти миллӣ, вусъати содироти молҳои ватанӣ ва хизматрасониҳо, кӯмак расонидан ба тиҷорат дар омӯхтани бозорҳои хориҷӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии соҳибкорони тоҷик дар хориҷи мамлакат ҷой гирифтааст.