Санаи 27 январ дар МД “Кохи Рӯдакӣ” дар шаҳри Хуҷанд Якумин Намоишгоҳи миллии тиҷоратӣ оид ба таҷҳизоти обёрии сарфакунандаи об “АГРО КОРВОН-2026” дар доираи лоиҳаи “Шарикӣ дар соҳаи обёрӣ дар водии Фарғона” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилоят ва Ташкилоти байналмиллалии Хелвитас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар намоишгоҳ 16 ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳо барои обёрии қатрави аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва 6 бонкҳо хизматрасониҳои худро дар соҳаи кишоварзӣ муаррифи намуданд.
Чорабини бо суханронии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъкубӣ, Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумабой Аҳмадзода ва намояндагони Ташкилоти байналмилалии Хелвитас дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон оғоз гардид.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, ки ин барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар нақши муаасир мегузорад.
Мақсади баргузории ин намоишгоҳ дастгирии кишоварзон ва дастгасии онҳо ба таҷҳизотҳои обёрии қатрави, истифодаи сарфакоронаи оби полезӣ ва гирифтани ҳосилнокии зиёд мебошад ва ин инмок медиҳад, ки соҳаи обёришавандаи кишоварзӣ рушд намояд ва ҷойҳои нави кори ташкил намоем, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти кишварро бо шуғл таъмин менамояд ва баргузории ин намоиш имкон медиҳад, ки барои сарфакорона истифода будани обӣ полези ва истифода бурдани технологияи замонави барои обёрии қатрави дар соҳаи кишоварзи кишоварзон аз он истифода баранд.
Дар доираи намоиш дар соҳаи обёри ва системаи ирригатсиони мизҳои мудаввар бо иштироки коршиносон аз се кишвари ҳамсоя доир гардид ва таҷрибаи якдигарро омӯхтан ва дар оянда барои пешрафти ин соҳа мубодила афкор намуданд.