• This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
  • (+992-3422) 6-16-40

Роҳбарият

Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмонали

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Точикистон

    Тамос
 
    телефон: +992 (37) 221 14 80
    почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
 
    Рӯзҳои қабул
 
    панҷшанбе: 09:00 - 12:00
     шанбе: 10:00 - 12:00

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тарҷумаи ҳол

РАҲМОНАЛИЗОДА ФАРҲОДШОҲ РАҲМОНАЛӢ

Соли таваллуд: 04 сентябри соли 1994

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

соли 2015 Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон (бакалавр) хатм кардааст

соли 2017 Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон (магистр) хатм кардааст

Ихтисос: муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ

Унвони илмӣ: унвонҷӯ (PhD-соли 2-юм) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Донандаи забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст: 

- солҳои 2021 ва 2024 бо Ифтихорномаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии ТоҶикистон;  

- соли 2023 бо Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

- соли 2023 бо Сипосномаи Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст

Вазъи оилавӣ: оиладор (соҳиби як фарзанд)

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Айни 64/3, №20

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2013-2017 - Мутахассис дар Шуъбаи маркетинги Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Саманд», шаҳри Душанбе;

Соли 2017 (05-10) - Мутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2017-2018 - Мутахассиси пешбари Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2018-2020 - Сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Соли 2020 (01-06)- Сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои энергетикӣ, сарфаҷўии энергия ва танзими давлатии тарифҳои Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2020-2022 Сардори Раёсати котиботи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Соли 2022 (аз моҳи март то моҳи декабр) -  Баланд бардоштани касбият тибқи розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 13 январи соли 2022, №220 (29-6.2) дар доираи Барномаи таҷрибаомўзии Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии Созмони Умумҷаҳонии Савдо дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Конфедератсияи Швейтсария;

Солҳои 2023 - 2026 - Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Аз 12.02.2026 то ҳол - Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон