Аёдати собиқадорони меҳнат дар арафаи Иди Наврӯз
Дар арафаи ҷашни Наврӯз Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мухамедҷонов Мухаммадҷон Султонович як гурӯҳ собиқадорони меҳнат ва оилахои камбизоатро аёдат намуд.
Аз ҷумла, собиқадорон Юлдошев Абдуҳамид иштирокчии чанги бузурги ватанӣ, Давлатов Ҳомид собикадори ақибгоҳ, маъюуби сохти конститутсионӣ ва собикадори мехнат Валиева Надежда ва Чураев Ҳомид ба муносибати иди бахор Нарӯзи аҷам аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон табрик намуда ба онҳо армуғонҳои наврузӣ ҳадя намуд.
Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу самимият ва ғамхории доими ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдори баён намуда, таъкид доштанд, ки шукронаи давлату хукумат ва роҳбари давлатро мекунанд, ки кишвари азизамон тинчу ором ва ба дастовардхои назаррас ноил гардида, обрӯю эътибори Точикистон дар арсаи ҷахони то рафт баланд мегардад.

