Бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд чорабинии идона ороста шуд.

Мутобиқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мухамедҷонов Мухаммадҷон Султонович ба Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд ташриф овард.

Мухаммадҷон Султонович бошандагони Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷандро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон ба муносибати 25 –солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ба 22 нафар бошандагони Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳо такдим карда шуданд.

Бошандагони ин даргоҳ аз ин таваҷҷуҳу самимият ва ғамхории доими  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдори баён намуда, таъкид доштанд, ки шукронаи давлату хукумат ва роҳбари давлатро мекунанд ва дар ҳақки давлату миллат ва халқи сарбаланди тоҷик дуои нек намуданд.