Аёдати собиқадорони меҳнат, нафақагирони камбизоат ва эҳтиёҷмандон ба муносибати Иди Қурбон

Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мухамедҷонов Мухаммадҷон Султонович як қатор собиқадорони меҳнат, нафақагирони камбизоат ва эҳтиёҷмандонро ба муносибати Иди Қурбон аёдат намуд.

Ба аёдатшудагон маводи ниёзи аввал ва маблағҳои пулӣ тақдим  карда шуда онҳоро ба муносибати Иди Қурбон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон табрик карда шуданд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат,  Ҳамроҳхон Тоҳирова, иштирокчии ҶБВ Юлдошев Абдуҳамид, собиқадори ақибгоҳи солҳои ҷанг, маъюби гурӯҳи II сохти конситутсионӣ Давлатов Ҳомид ва дигар шахсони аёдатшуда шукронаи тинҷиву амонӣ намуда, аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Давлату Ҳукумат сипосмандӣ намуда, дуои нек ва таманниёти идона намуданд.