День: 01.09.2020

Форуми сохибкорони вилоятхои Суғд ва Куҳистони Бадахшон

28 августи соли 2020, чорум рӯзи кории сафари намояндагони доираи соҳибкории вилояти Суғд дар шаҳри Хоруғ бо қабули Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини аввали Раиси вилоят, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва Омири кулли Палатаи савдо ва саноати ВМКБ оғоз гардида, бо иштироки роҳбарони ҷамоатҳову сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони ноҳияҳои вилоят бизнес-форум баргузор гардид. (далее…)

Сафари кории намояндагони доираи соҳибкории вилояти Суғд ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Тибқи иҷроиши дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Ражаббой Аҳмадзода ҳайати намояндагони доираи соҳибкории вилояти Суғд бо роҳбарии Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳамедҷонов Муҳаммадҷон Султонович ҷиҳати тақвият бахшидан ба муносибатҳои ҳамкории иқтисодӣ, мусоидат ба содироти молу масҳулоти сҳибкорони хурду миёна ва мубодилаи таҷриба дар истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд. (далее…)