Форуми сохибкорони вилоятхои Суғд ва Куҳистони Бадахшон

28 августи соли 2020, чорум рӯзи кории сафари намояндагони доираи соҳибкории вилояти Суғд дар шаҳри Хоруғ бо қабули Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини аввали Раиси вилоят, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва Омири кулли Палатаи савдо ва саноати ВМКБ оғоз гардида, бо иштироки роҳбарони ҷамоатҳову сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони ноҳияҳои вилоят бизнес-форум баргузор гардид.

Дар форум ақидаву пешниҳодҳои таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, имконияти шароитҳои истеҳсолу коркарди муштараки маҳсулотҳои кишоварзӣ ва саноатӣ, ташкили сехҳо баррасӣ карда шуданд.

Чорабинӣ бо баргузории вохӯриҳои рӯ ба рӯи соҳибкорони тарафҳо анҷом ёфта, барои пешбинӣ ва амалӣ намудани ҳамкориҳои соҳибкорони минтақаҳо миёни Палатаҳои савдо ва саноати вилоятьои Суғду Кӯҳистони Бадахшон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Мавриди бозгашт гурӯҳи намояндагони доираи соҳибкории вилояти Суғд бо роҳбаладии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ва фаъолияти соҳибкорони ноҳияи Шуғнон шинос гардиданд.

Сафари кории гурӯҳи намояндагони доираи соҳибкории вилояти Суғд ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мувофиқи дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар сатҳи талаботӣ 30-уми августи соли 2020 ба анҷом расид.