Сафари кории намояндагони доираи соҳибкории вилояти Суғд ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Тибқи иҷроиши дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Ражаббой Аҳмадзода ҳайати намояндагони доираи соҳибкории вилояти Суғд бо роҳбарии Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳамедҷонов Муҳаммадҷон Султонович ҷиҳати тақвият бахшидан ба муносибатҳои ҳамкории иқтисодӣ, мусоидат ба содироти молу масҳулоти сҳибкорони хурду миёна ва мубодилаи таҷриба дар истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд.

Ба гурӯҳи намояндагон роҳбарони корхонаву ташкилотҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Ашт- аъзоёни Палата шомил гардида буданд.

Рӯзи аввали сафари корӣ намояндагони доираи соҳибкории вилоят дар ноҳияи Дарвоз бо қабули муовини аввал ва роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия бо вазъи фаъолияти соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқони шинос гардиданд. Дар мулоқотҳои доиргашта ҷиҳати ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ва таҳвили онҳо мубодилаи афкор баргузор гардид.

Санаи 26-уми август бо қабули Раиси ноҳияи Ванҷ ва муовини аввал вохӯриҳо бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони хурду миёна баргузор карда шуданд.

Дар мизи мудаввар бо иштироки истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ доири харидории ҳосили имсола аз тарафи соҳибкорони вилояти Суғд, ташкили сехҳои муштараки коркарди онҳо барои содирот баррасӣ гардиданд.

27-уми август намояндагони доираи соҳибкории вилояти Суғдро Раиси ноҳияи Рушон қабул карда, асосан бо вазъи фаъолияти соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ шинос намуд. Дар фарҷоми вохӯриву мулоқотҳо дар маркази ноҳия бо ҳузури Раиси ноҳия, сардори Раёсати сармоягузори ва амволи давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳаи кишоварзии ноҳия, намояндагони ҷамоатҳову соҳибкорони фаъол дар мавзӯи «Содироти мевагиҳо ва маҳсулотҳои кишоварзии ноҳияи Рушон» семинар баргузор карда шуд.

Иштирокчиён ақидаву андешаҳо ва пешниҳодҳои баррасишударо натиҷабардорӣ карда, қарор қабул карданд, ки оиди ҳаҷми ҷамъбастии номгӯи маҳсулотҳои кишоварзии истеҳсолшудаи имсола ва ҳаҷми фурӯши онҳо ба Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва ширкатҳои харидор маълумот пешниҳод карда, барои мувофиқаи дигар тарафҳои муомилот ҳамкорӣ менамоянд.