День: 05.11.2020

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Муҳтарам соҳибкорон, ҳамкорон ва шарикон!
Шумоёнро аз номи Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям. Имруз мо шоҳидем, ки аз баракати соҳибистиқлолии кишварамон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расида, ба суи марҳилаи тозаи инкишофи хеш, таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақил ва торафт беҳтар намудани зиндагии сокинони мамлакат бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст.
Боварии комил дорам, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ, ҳисси муҳаббат ва садоқати мардуми меҳанпарвару заҳматқарини тоҷик ба Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон рӯз аз рӯз бештару самимитар мегардад.
Бигзор, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии шоистаи мардуми мо бошанд.
Бо изҳори ин умедҳои нек Шумоёнро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як бори дигар табрик гуфта, бароятон хонаи обод, иқболи нек ва ба ватани маҳбубамон сулҳу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Бо эҳтиром,
Омири кулл                                                         Мухамедҷонов М.С.