Аёдати собиқадорони меҳнат ва шахсони ниёзманд ба муносибати фарорасии соли нави Аёдати собиқадорони меҳнат ва шахсони ниёзманд ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ
Дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мухамедҷонов Мухаммадҷон Султонович истиқоматкунандагони Ҷаъияти маъюбони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намуда онҳоро ба муносибати фарорасии Соли нав аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон табрик намуда ба онҳо армуғонҳои солинавӣ ҳадя намуд.
Бошандагони Ҷаъияти маъюбони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва собиқадорони меҳнат Абдуллоева М., Азимова С., Грошина В. ва дигарон аз ин таваҷҷуҳу самимият ва ғамхории доими шукронаи тинҷиву амонӣ намуда, ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ миннатдории хешро ба давлату ҳукумати мамлакат иброз доштанд.








