Месяц: Январь 2021

Тамошои дастаҷамъонаи ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд

26-уми январи соли равон бо роҳбароии омири кулл Муҳаммедҷонов Муҳаммадҷон Султонович бо иштироки кулли кормандон дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.

Дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуданд. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.

Паёми мазкур  ҳамчун санади муҳими Сарвари давлат дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷоӣи махсусро ишғол менамояд. Зеро солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳон тағир ёфта хавфҳои нави  умумибашарӣ ба миён омадаанд. Дар ин раванд,  аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам боло рафта, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузории онро бесаброна интизорӣ мекашанд, тавассути воситаҳои ахбори омма матолиби онро бо таваҷҷуҳи хос тамошо ва мутоила мекунанд.