День: 05.03.2021

Табрикот ба Рўзи Модарон — Бонувон!

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони гиромиқадри маъвои маърифати мо!

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамаи Шумоён ва дар шахсияти Шумо ҷумлаи занони кишвари азизамонро аз номи Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ба шарафи иди фархунда – Рўзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, барои ҳамагон баофиятӣ, саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоям ва доимо хоҳони он ҳастам, ки тамоми хушиҳои рўзгор насибатон бошанд.

Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди Модарон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро бо симои занон дучанд меафзояд. Дар ин падида  рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро, Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.

Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рўзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.  Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид  мегардад.

Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Бигзор дили Шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад!

Ид муборак, азизон!