Баргузории конфронс бахшида ба 61-умин солгарди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

13-уми апрели соли равон бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва роҳбарии омири кулли он Муҳаммедҷонов Муҳаммадҷон Султонович дар толори меҳмонхонаи «Суғд»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 61-умин солгарди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъкубӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, васоити ахбори омма ва кормандону аъзоёни Палатаи савдо ва саноат иштирок доштанд.

Дар қисмати ифтитоҳӣ омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммедҷонов Муҳаммадҷон Султонович иштироккунандагони конфронсро хайрамақдам намуда, аз таърихи таъсисёбӣ ва дастовардҳои фаъолияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд маълумот дод.

Оиди нақши Палатаи савдо ва саноат дар иқтисодиёти мамлакат, манфиатҳои он дар пешбурди фаъолияти доираҳои соҳибкориву тиҷорат ва вазифаҳои минбаъда муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъкубӣ, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон ва якчанд аъзоён ибрози ақида намуданд.

Дар қисмати хотимавии чорабинӣ кормандону аъзоёни фаъоли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.

Чорабинӣ дар сатҳи талаботӣ ва руҳияи ҷашнӣ ба анҷом расид.