День: 29.04.2021

Сафари кории соҳибкорони кишоварз, коркардкунандагон ва содироткунандагони вилояти Суғд ба вилояти Хатлон

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2020с., Протокол таҳти №1 дода шуда будаанд, Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо дастгирии Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғд ва бо ташабусси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзҳои аз 22 то 24 моҳи апрели соли ҷорӣ сафари як гурӯҳи аъзоён, соҳибкорони кишоварз, коркардкунандагон ва содироткунандагони вилояти Суғдро ба вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Кушониён бо мақсади омўзиш, шиносоӣ бо дастоварду таҷрибаҳои ҳамдигарии соҳибкорони вилоятҳо дар самти парвариши меваю сабзавот, инчунин нигоҳдорию банду басти маҳсулот, коркард ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ташкил карда шуд.
Рўзи 22 апрел вохўрии В2В соҳибкорони вилояти Хатлон ва вилояти Суғд дар толори тарабхонаи «Левакант»-и шаҳри Бохтар доир гардид. Дар вохўрии мазкур соҳибкорон оиди кор ва фаъолияти худ маълумотҳо пешниҳод намуда, оиди рушди ҳамкориҳо дар самтҳои дар болозикршуда гуфтугўҳои хосу судманд ба анҷом расониданд.
Сипас меҳмонон бо кор ва фаъолияти корхонаҳо ва хоҷагии деҳқонии ноҳияҳо шиносои пайдо намуданд.
Баъди вохўр ва дидан кардан аз хоҷагиҳои мазкур оиди ҳамкориҳо якчанд созишномаҳо ба имзо расонида шуд.
Вохӯрию мулоқотҳо ва чорабиниҳои баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардида, ҳайати намояндагони мо бо таассуроти қаноатмандӣ баргаштанд.

Густариши муносибатҳо байни соҳибкорони минтақаҳои Фарғонаву Суғд

Дар доираи иштироки намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар форуми тиҷоратии байниминтақавии «Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ – кафолати рушд» дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон санаҳои 22-23 апрели соли 2021 омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳамеджонов М.С. дар вохӯриҳои баргузоргашта бо роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон меморандумҳои ҳамкориҳои минбаъдаро ба имзо расониданд. Пайваста ба ин бо мақсади густариши муносибатҳо байни соҳибкорони минтақаҳои Фарғонаву Суғд бо 7 ширкатҳои бонуфузи вилояти Фарғона чунин меморандуҳо мувофиқа карда шуданд, ки ба ҳамкориҳои минбаъдаи минтақа заминаи умедбахш мебошанд.