Иди Ғалаба муборак!
Дўстони азиз! Табрикоти моро ба муносибати яке аз идҳои бузурги ҳаётамон – иди Ғалаба қабул намоед! Мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем.
Рӯзи фаромӯшнашавандаи 9 май – Иди Ғалаба, ки рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рушноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар аст, фаро мерасад. Дар ин рӯз мо аз корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда зиндагии озодонаро муҳайё намуданд, бо некиву сипосгузорӣ ёд меоварем. Ба ҳама сулҳу салоҳ, тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонем!
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!!!
Омири кулли
ПСС вилояти Суғд Шарифзода Фирдавс



