Month: November 2017

Вохӯрии Шариф Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркменистон ва Қирғизистон хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс

21.11.2017 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири тозаинтихоби фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркменистон ва Қирғизистон  хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо дар масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ суҳбат намуданд.

24-noyab4

(more…)

Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан за здоровый образ жизни и повышение бюджетного потенциала Республики Таджикистан

22 ноября 2017 г. в Торгово-промышленной палате Республики Таджикистан состоялся круглый стол по вопросам внедрения Минимально розничной цены (МРЦ) на табачную продукцию.

24-noyab1

(more…)

Форуми соҳибкорони Ҳиндустону Тоҷикистон

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 15-уми ноябри соли 2017 соати 10:00 дар толори Меҳмонхонаи «Хаят редженси» ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мегардад. Дар кори чорабинӣ бахшҳои сайёҳӣ, саноати сабук (текстиль), хӯрокворӣ, Форматсевтика, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра иштирок менамоянд.         Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон  даъват менамоем.

Бақайдгирӣ: 15-уми ноябри соли 2017 соати 09:30

 

Маълумоти муфассал: 

Тел: (83422) 6-16-40

Эл.почта: info@tpp-sugd.tj