Month: January 2018

Нишасти матбуотӣ дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 январи соли 2018 ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма: АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», “Халқ овозӣ”, Душанбе»,  «Халқ овозӣ», “Боҷу хироҷ”, “Минбари халқ”,    муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо»,  “Мир”,  “Душанбе”, радиоҳои «Тоҷикистон», «Ховар», «Садои Душанбе», журнали “Иқтисодчӣ”  ва ғайра иштирок намуданд.

Ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ ахбороти Раиси Палата савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар нимсолаи дуюми соли 2017, инчунин дастовардҳои Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2017  ва нақшаҳои нимсолаи аввали соли 2018 пешниҳод гардид. Баъди хотимаи ахборот намояндагони васоити ахбор оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Палата саволҳо дода ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форуми минтақавии ҳамоҳангсозон

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

         Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 21- 22 феврали соли 2018дар шаҳри Минск Форуми минтақавии ҳамоҳангсозон оид ба мақсадҳои рушди устувор «Бунёди муносибатҳои шарикӣ барои дастгирии кӯшишҳои миллӣ барои рушди устувор» ва рӯзҳои 6-10 феврали соли 2018 дар шаҳри Кувейт Намоишгоҳи тиҷоратӣ баргузор мегардад.

         Тибқи иттилои ҷониби Белорусия Форуми минтақавии ҳамоҳангсозон оид ба мақсадҳои рушди устувор «Бунёди муносибатҳои шарикӣ барои дастгирии кӯшишҳои миллӣ барои рушди устувор» аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо намляндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Белорус баргузор мегардад.Дар Форуми мазкур масъулони баландпояи давлатҳои минтақа барои рушди устувор иштирок намуда, таҷриба ва натиҷаҳои худро ҷиҳати расидан ба рушди устувор муаррифӣ намуда, камбудиҳо ва мушкилиҳоро дар ин раванд баррасӣ менамоянд.

Маълумоти муфассал: 

Тел: +375 17 226 15 30

Email: uesur@mfa.gov.by, info@kif.net

Намоишгоҳи байналмилалии Чин доир ба воридот

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 5 то 10 ноябри соли 2018 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин «Намоишгоҳи байналмилалии Чин доир ба воридот» баргузор мегардад, даъват менамояд. Пардохти хароҷот ҷиҳати иштирок дар намоиши мазкур аз ҳисоби иштироккунандагон амалӣ карда мешавад.

 

Маълумоти муфассал: 

Тел2230669,  937004545

Emailmembers.tpptj@gmail.com