Аёдати собиқадорон ва нафақахӯрони меҳнат аз ҷониби Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд
Аёдати собиқадорон ва нафақахӯрон яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонист.
Дар арафаи 25-солагии Иди Артиши Милли кўмаки хайриявӣ аз лиҳози бастаҳои озуқаворӣ аз ҷониби Роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ба хонаи чанд нафар аз собиқадорон ва нафақахӯрони меҳнат аз қабили Охунов Абдусалом, Мирзохонов Косим, Тоҷидинов Шамсиддин ва Ухин Александр аёдат карда расонида шуд.
Шарифзода Фирдавс аз ҳолу аҳволи нафарони мазкур, ки солҳои зиёд баҳри пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят бедареғ заҳмат намудаанд, пурсон шуда онҳоро аз ҷониби роҳбарияти вилояти Суғд ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Иди Артиши Милли табрик намуданд.
Зимни вохурӣ собиқадорону нафақахӯрон ба ватандустӣ, меҳнати ҳалол ва иттифоқ будан ҳидоят намуда, барои аёдати онҳо дар ин рўзи хотирмон изҳори сипос намуданд.


