Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид

Имрӯз, 10 май дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид.

 Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, форуми сароягузории муштаракро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соддагардонидани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.

Директори Департаменти робитаҳои байналмилалӣ ва шартномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Бадр Муҳаммад Ал Бодӣ дар навбати худ доир ба вусъат бахшидани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ҳарду давлат ибрози андеша намуд. Номбурда зикр кард, ки миёни ду давлат имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиётӣ мавҷуд аст, ки  таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар ин самтҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Дар ҳамоиш тавассути навори видеоӣ имкониятҳои сармоягузорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, имкониятҳои содиротӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар идома мулоқоти байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҷонибҳо доир гардида, аз ҷониби бахши хусусии Тоҷикистон як зумра лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ пешниҳод карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки форуми муштарак бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардида, дар кори он Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал – Бадӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ, доираҳои васеи сармоягузорӣ ва соҳибкории ду давлат ширкат варзиданд.