Рушди робитаҳо байни доираҳои соҳибкории Қазоқистон ва Тоҷикистон идома хоҳад кард

18 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе бизнес – форуми доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону-Қазоқистон баргузор гардид. Ташкилкунандагони чорабинӣ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои байналхалқии Қазоқистон мебошанд.

Дар кори форум Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷибоев Аскар Ерликович, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон, Раиси Раёсати Палатаи савдои байналхалқи дар Қазоқистон Еренов Аян Айдарович, Директори генералии палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мухамедҷонов Муҳаммадҷон Султонович намояндагони зиеда аз 20 корхонаҳои калони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Қазоқистон, беш аз 160 корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мақсади асосии асосии ин чорабинӣ рушди робитаҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, зиёд намудани гардиши мол байни кишварҳо ба ҳисоб меравад.

Дар рафти форум мулоқотҳо дар шакли В2В, доир гардид, ки дар он ширкатҳо ва корхонаҳои шаҳри Душанбе, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳури, вилоятхои Суғду Хатлон иштирок карданд.

Дар баробари ин, Директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мухамедҷонов Муҳаммадҷон Султонович бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Точикистон Тоҷибоев Аскар Ерликович, Раиси Раёсати Палатаи савдои байналхалқии Ҷумҳурии Қазоқистон Еренов  Аян Айдарович ва бо як  қатор намояндагони ширкатҳои Қазоқистон мулоқот намуда масъалаҳои дар оянда васеъ намудани доираҳои ҳамкориро барраси намуданд.

Мухамедҷонов М. С. оиди  содироти асал, меваи хушк, маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳоди намуд. Ӯ, ҳамчунин, пешниҳод намуд, ки гузаронидани намоишгоҳҳо ва форумҳо ба таври доимӣ дар ду минтақаҳои кишвар ташкил карда шаванд. Доири масъалаҳои логистика, талаботи бехатарии маҳсулот ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима карда шуданд.