Month: October 2019

Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон

Рӯзҳои 11-12 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Палатаи миллии соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели» доир гардид, ки дар он намояндагони вилояти Суғд низ иштирок намуданд.

Дар асоси даъвати баргузоркунандагон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гурӯҳи ҳунармандон, намояндагони ширкатҳои сайёҳиву осоишгоҳҳо бо мақсади муаррифӣ намудани маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон бо  пешниҳоди намунаҳои маҳсулоту хизматрасониҳо дар ин чорабинӣ иштирок намуданд. (more…)