Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон

Рӯзҳои 11-12 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Палатаи миллии соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели» доир гардид, ки дар он намояндагони вилояти Суғд низ иштирок намуданд.

Дар асоси даъвати баргузоркунандагон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гурӯҳи ҳунармандон, намояндагони ширкатҳои сайёҳиву осоишгоҳҳо бо мақсади муаррифӣ намудани маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон бо  пешниҳоди намунаҳои маҳсулоту хизматрасониҳо дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби ҳунармандони вилоят намунаҳои атласу адрас, қолинҳои дастӣ, ҷомаю тоқии зардузӣ, ҷамъ сад номгӯи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби Осоишгоҳи «Зумрад» икониятҳо ва шароити истироҳату табобатии осоишгоҳ муарифӣ карда шуданд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин форуми соҳаи ҳунарҳои халқӣ ва рушди сайёҳӣ доир гардид, ки дар он  ҳунармандони вилояти Суғд иштирок карда, бо коршиносон вохӯриву мулоқотҳо гузарониданд.

Аз ҷониби Палатаи миллии соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон барои иштироки фаъолона ва ороиши хуби ғурфаҳои намоишӣ ҳунармандон ва Палатаи савдо ва саноати вилоят бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бо назардошти ҷолибият ва мавҷудияти талабот ба маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик дар доираи намоишгоҳ бо пешниҳоди Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва намояндагони Палатаи миллии соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон мувофиқа гардид, ки дар шаҳри Нур-Султон як гӯшаи маълумотии сайёҳӣ ва маркази фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар  намоишгоҳ зиёда аз 157 ширкат аз кишварҳои гуногуни олам, аз он ҷумла Испания, Зеландияи Нав, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигарон иштирок доштанд.