Муаррифии асали точик дар Намоишгоҳи махсулотҳои кишоварзӣ «Ноrti-Ехро»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон

Бо мақсади барпо намудани робитаҳои судманд байни давлатҳо, таквият бахшидан ба рушди устувори иқтисодиёт, фароҳам овардани иклими мусоид барои рушди сохибкорй, ҷалби сармояву воридоти технологияи нав ва дар ин замина ташкил намудани корхонахои нави истехсолӣ, афзудани иктидори содироти бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамкори бо Сафорати Ҷумхурии Исломии Покистон санахои 22-23 январ намояндагони доирахои сохибкории мамлакат аъзоёни Палата занбурпарвар Салимов Салим ва  корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар Намоишгохи махсулотхои кишоварзӣ «Ноrti-Ехро»-и шахри Лахор иштирок намуданд.

Дар Намоишгохи махсулотхои кишоварзй «Ногti-Ехро», танхо махсулотхои кишоварзй ва техникаи хоҷагии кишлоки ин давлат ба намоиш гузошта шуда, дар доираи намоишгох Форуми байналмиллалӣ дар мавзуъи «Рушди содироти махсулоти озукаворӣ» баргузор гардид, ки дар кори форум намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар доираи намоишгох  намояндагони корхонахо бо рохбарони як катор ширкатхо, марказхои тиҷоратй бо максади ба рох мондани содироти махсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди махсулот ва ташкили корхонахои муштарак вохурихои судманд бо ширкатхо аз кишвархои Англия, Полша, Туркия, Чумхурихои Исломии Покистон ва Афгонистон доир намуданд.

Иштирок дар чунин намоишгоххо барои сохибкорон хеле манфиатовар мебошад, занбурпарвар Салимов Салим иброз намуд, ки бо як таасуроти баланд аз намоишгох баргаштанд ва аз чониби ширкатхои Англия, Полша ва Туркия ба сифат ва тамъи асали мо таваччухи махсус дода шуда иброз намуданд, ки барои харидори намудан омода мебошад ва баъди бастани шартномаи хамкори содироти асалро ба рох мемонем.

Палатаи савдо ва саноати кишвар тасмим гирифтааст, ки барои дар амал татбик намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзун гардонидани содироти молу маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои зарури андешад ва давоми соли чори барои иштироки сохибкорон бахри муаррифӣ намудани махсулотхои ватанӣ  дар як катор намоишгоххои байналмилали  мусоидати худро мерасонад.