Month: March 2021

Наврӯз муборак!

Муҳтарам соҳибкорон, ҳамкорон ва шарикон! Шумоёнро аз номи Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо фарорасии фасли гулу эҳёи табиат, соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёд, иди ҷаҳонии Нарӯзи самимона муборакбод намуда, баҳратон хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳоро таманно менамоям. Дар ҳақиқат, ин ҷашни тааҷубовар зебо ва меҳрубонона дар инсон эҳсосоти беҳтарин, олиро бедор мекунад. Ин аст, ки Наврӯз новобаста аз миллат, забон ва мазҳабашон барои ҳама ҳамватанони мо ҷашни муҳбуб ва азиз гардид. Бигузор файзу баракати Наврӯз ба зиндагониатон рангу таровати тоза бахшида дастархонатонро пурфайз гардонад.

Иди Наврӯз муборак, дӯстони азиз!

Бо камоли эҳтиром,

Омири кулли Палатаи савдо

ва саноати вилояти Суғд

Мухамедҷонов М.С.

Вохӯрии Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Нур-султон)

Санаи 16 марти соли 2021 Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон Наимович бо Сафири Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Нур-султон) ҷаноби Андре Карстенс дар толори Палата вохӯрӣ баргузор намуданд.
Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноат Анваров Насимҷон пеш аз ҳама ташрифи ҷаноби сафир Андре Карстенсро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палата иқдоми нек шуморида, вобаста ба самти фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо ва имкониятҳои тиҷоратӣ-сармоягузории кишвар маълумотҳои мушаххас ироа намуданд.
Ҷаноби сафир аз фаъолияти Палата ва имкониятҳои тиҷоратӣ-сармоягузории ҷумҳурӣ изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати ташкил намудани миссияҳои тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар изҳори ҳавасмандӣ баён доштанд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ҷаноби сафир қайд карданд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар назар аст, ки дар ҳолати ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ як ҳайати соҳибкорони Шоҳигарии Нидерланд барои шиносоӣ аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ва пайдо намудани шарикон дар моҳи сентябри соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд.
Инчунин, ҷаноби сафир Андре Карстенс сафари ҳайати соҳибкорони Нидерландӣ ба Тоҷикистонро зимни баргузории намоишгоҳи истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ё ин ки дар доираи ин сафар ташкил намудани намоишгоҳи истеҳсолкунандагони Тоҷикистон алалхусус истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро мувофиқи мақсад шумориданд.
Анваров Насимҷон пешниҳоди ҷониби сафирро қобили дастгирӣ шуморида, зикр намуданд, ки Палата омодааст, дар сурати дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, қабл аз вуруди ҳайати соҳибкорони Шоҳигарии Нидерланд ба Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти истеҳсолкунандагони кишварҳои якдигар як чорабинии тиҷоратӣ ба монанди бизнес-форум ё ин ки намоишгоҳ баргузор намояд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни доираҳои соҳибкорони ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Мулоқоти роҳбарияти ПСС ҶТ бо Директори Корхонаи воҳиди намоишгоҳии “Белинтерэкспо” Введенский Е.С.

Санаи 15 марти соли 2021 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷ.Ҷ. бо Директори Корхонаи воҳиди намоишгоҳии “Белинтерэкспо” -и Палатаи савдо ва саноати Беларус муҳтарам Введенский Е.С. баргузор гардид. Инчунин дар ин вохӯрӣ, сардори Раёсати фаъолияти намоишгоҳӣ ва ярмаркаҳои ПСС Белорус Шаханович А.К., муовини якуми Раиси ПСС ҶТ Анваров Н.Н. ва Директори “Маркази намоишгоҳӣ”-и назди ПСС ҶТ Мирсаидов Д.А. ширкат варзиданд.

(more…)

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН – КИШОВАРЗОН ВА КОРКАРДКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаҳои 5-6-уми марти соли равон таҳти роҳбарии Диреткори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва намояндагони лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (Winrock International) ҳайати соҳибкорон-кишоварзон ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзии вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ташриф ба амал оварданд.

(more…)