Мулоқоти роҳбарияти ПСС ҶТ бо Директори Корхонаи воҳиди намоишгоҳии “Белинтерэкспо” Введенский Е.С.

Санаи 15 марти соли 2021 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷ.Ҷ. бо Директори Корхонаи воҳиди намоишгоҳии “Белинтерэкспо” -и Палатаи савдо ва саноати Беларус муҳтарам Введенский Е.С. баргузор гардид. Инчунин дар ин вохӯрӣ, сардори Раёсати фаъолияти намоишгоҳӣ ва ярмаркаҳои ПСС Белорус Шаханович А.К., муовини якуми Раиси ПСС ҶТ Анваров Н.Н. ва Директори “Маркази намоишгоҳӣ”-и назди ПСС ҶТ Мирсаидов Д.А. ширкат варзиданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои умедбахш муҳокима карда шуданд. Аз ҷумла, масъалаи иҷрои қарори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус дар бораи баргузории намоишгоҳи “Made in Belarus” дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар намоишгоҳ бахшҳои зерин ба намоиш гузошта мешаванд: техника ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ; чорводорӣ ва зироаткорӣ; доруҳои бойторӣ; маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо; саноати чӯбкорӣ; маҳсулоти мебелӣ; таҷҳизотҳои тиббӣ; фармасевтӣ; туризми тиббӣ; техника ва таҷҳизотҳои истихроҷи маъдан; инфрасохтори нақлиётӣ; масолеҳи сохтмонӣ ва пардозӣ; таҳияҳо ва технологияҳои илмӣ; маҳсулоти хонагӣ; ороишӣ; маводҳои кимиёвии рӯзѓор; зарфҳо барои ошхона; галантерея.
Дар доираи намоишгоҳи мазкур баргузории Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон – Беларус – Афғонистон ва форуми тиҷоратӣ бо иштироки соҳибкорони се кишвар ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ташкили иштироки ширкатҳои Беларус дар намоишгоҳҳои дар Тоҷикистон баргузоршаванда ва имкониятҳои иштироки истеҳсолкунандагони тоҷик дар чорабиниҳои намоишии дар Беларус баргузоршавандаро баррасӣ намуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ.