ВОХӮРИИ ДОИРАҲОИ ТИҶОРАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА ҶУМҲУРИИ БОШҚИРДИСТОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

18-уми августи соли 2021 дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираи соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Бошқирдистон  баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати вилоят, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Бошқирдистон   баргузор карда шуд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъкубӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳайати меҳмононро самимона хайрамақдам намуда, барои таваҷҷӯҳ ба таҳкими ҳамкорҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, изҳори сипос намуда оиди инкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузории вилоят аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд  муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби Изотова Лена Михайловна муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Бошқирдистон низ, муарифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ширкатҳои фаъолияткунандаи ин кишвар сурат гирифт.

Дар ҷараёни вохӯриҳо дар формати В2В,  доираҳои тиҷоратии ду минтақа имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки сармояи хусусиро дар соҳаҳои ба монанди: хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, туризм ва ғайра баррасӣ намуданд.

Дар вохӯри аз кишвари Бошқирдистон зиёда аз 15 намояндаи доираҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли ширкат намуданд. Инчунин роҳбарони 30 корхонаҳои вилоят, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар доираи ин вохӯрӣ бо Изотова Лена Михайловна муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии муносибатҳои байналхалқӣ, Халилов Ильдус Винерович Директори ташкилоти автономии ғайритиҷоратии “Маркази дастгирии содироти” ва бо роҳбарони якчанд корхонаҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон вохӯрӣ намуда дар масъалаи ташкили корхонаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот аз вилоят, ташкили сафарҳои омӯзиши барои доираи соҳибкорон даъват намуд. Дар асоси барномаи сафар меҳмонон аз инкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос шуда аз минтақаҳои сайёҳӣ дидан намуданд.