Author: zulya

Форуми тичоратии сохибкорони вилоятхои Сугду Твери Федератсияи Россия.

Cанахои 16-17—уми марти соли равон дар доираи барномаи ташрифи хайати вакилони тичорати вилояти Твери Федератсияи Россия ба Чумхурии Точикистон гурухи намояндагони ширкатхои «Вега», «Вертязин», «СИ продукт», «Иттифоки саноатчиёни чангал ва содироткунандагони махуслотхои чангал», Маркази Робитахои Расмии вилояти Твер ба Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд ташриф оварданд.

 

17- уми марти соли равон дар толори мехмонхонаи «Сугдиён» – и шахри Хучанд Форуми тичоратии сохибкорони вилоятхои Сугду Твери Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар чорабини намояндагони зиёда аз 20 корхонаву ташкилотхо ва доираи сохибкории вилоят иштирок доштанд.

Дар чараёни форум намояндагони тарафхо доири мубодилаи тарафайни маълумоту ахборотхои ба пешбурди фаъолияти мусбии иктисоди мусоидаткунанда, ба рох  мондани муомилоти додугирифтии молу махсулот, ташкили намоишгоххо-ярмаркахои якчоя андешарони намуданд.

 

 

Мувофики барномаи чорабини аз руи самти сохавии фаъолият вохурихо тартиби В2В баргузор гардид. Дар интихои вохурихо иштирокунандагон ба хамкорихои мувофикашуда карордодхо кабул карданд.

Форум дар сатхи зарури анчом ёфт.

Дар кисмати дуюми руз дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд натичахои мулокоту вохурихо ва чорабинихои баргузоргашта барраси гардида, байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд ва «Маркази Робитахои Расми», «Фонди мусоидат ба рушди сармоягузории венчури дар субектхои сохибкории хурду миёна дар сохаи илму техника» – и вилояти Твер созишномахои хамкори ба имзо расонида шуданд.

 

 

Муаррифии асали точик дар Намоишгоҳи махсулотҳои кишоварзӣ «Ноrti-Ехро»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон

Бо мақсади барпо намудани робитаҳои судманд байни давлатҳо, таквият бахшидан ба рушди устувори иқтисодиёт, фароҳам овардани иклими мусоид барои рушди сохибкорй, ҷалби сармояву воридоти технологияи нав ва дар ин замина ташкил намудани корхонахои нави истехсолӣ, афзудани иктидори содироти бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамкори бо Сафорати Ҷумхурии Исломии Покистон санахои 22-23 январ намояндагони доирахои сохибкории мамлакат аъзоёни Палата занбурпарвар Салимов Салим ва  корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар Намоишгохи махсулотхои кишоварзӣ «Ноrti-Ехро»-и шахри Лахор иштирок намуданд. (more…)

Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон

Рӯзҳои 11-12 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Палатаи миллии соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели» доир гардид, ки дар он намояндагони вилояти Суғд низ иштирок намуданд.

Дар асоси даъвати баргузоркунандагон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гурӯҳи ҳунармандон, намояндагони ширкатҳои сайёҳиву осоишгоҳҳо бо мақсади муаррифӣ намудани маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон бо  пешниҳоди намунаҳои маҳсулоту хизматрасониҳо дар ин чорабинӣ иштирок намуданд. (more…)

Иштироки бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «ЭКСПО – 2019» ш.Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Дар музофоти Янчини шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин  намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ “ЭКСПО-2019” ба охир расида истодааст. Намоишгоҳ 29 апрел ифтитоҳ  шуда, кори худро 7 октябри соли 2019 ба анҷом мерасонад. Шиори павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Боғдорӣ дар рушди деҳот” мебошад. (more…)

Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия «Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон» бунёд мегардад

Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон бунёд мешавад. Дар назар аст, ки муассисаи мазкур  то соли 2021 ба истифода дода шавад. Ин масъала имрӯз, 30 июл дар доираи вохӯрии  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Раиси Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Толиб Баротов баррасӣ гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин осорхона гӯшаҳои китобҳои адибону шоирони классик ва муосири тоҷик, ҳунарҳои мардумӣ, толори санъати тасвирии инъикоскунандаи табиати нотакрори Тоҷикистон, асбобҳои мусиқӣ, нигораҳои таърихӣ ва либоси миллӣ ҷой дода мешаванд.

«Мақсад аз ташкили осорхонаи мазкур тарғиби фарҳанги тоҷикон аст, то тоҷикони муқими Оренбург аз таърихи ниёгон, адабиёт, илм ва санъату ҳунари аҷдодӣ огоҳ ва бархурдор бошанд», — иброз дошт Толиб Баротов.

Бояд гуфт, ки дар маҷмааи мазкур ҳамчунин ошхонаи тоҷикӣ бо таомҳои миллӣ сохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки маҷмааи мазкур бо ташаббуси Автономияи миллӣ-фарҳангии тоҷикон таъсис меёбад.

Зикр гардид, ки Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия соли 2012 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Он то ин муддат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида,  ба яке аз ҷамъиятҳои пешрави тоҷикон дар хориҷ табдил ёфтааст. Марказ соҳиби газетаи худ бо номи «Согдиана» аст, ки қаблан бо номи «Паёми Оренбург» дарҷ мешуд. Инчунин ҷилди аввал ва дуюми китоби «Таджики в Оренбурге» ба табъ расида, алҳол нашри ҷилди сеюми он дар назар аст.

Бояд гуфт, ки аз соли 1993 инҷониб шаҳри Оренбург бо шаҳри Хуҷанд расман шаҳрҳои бародар эътироф гардидаанд. Алҳол дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия 12 000 тоҷик сокини муқимиянд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар Оренбург ва нақшаи барномаҳои муштарак суҳбат намуданд.

«Ховар»

Рушди робитаҳо байни доираҳои соҳибкории Қазоқистон ва Тоҷикистон идома хоҳад кард

18 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе бизнес – форуми доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону-Қазоқистон баргузор гардид. Ташкилкунандагони чорабинӣ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои байналхалқии Қазоқистон мебошанд.

Дар кори форум Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷибоев Аскар Ерликович, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон, Раиси Раёсати Палатаи савдои байналхалқи дар Қазоқистон Еренов Аян Айдарович, Директори генералии палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мухамедҷонов Муҳаммадҷон Султонович намояндагони зиеда аз 20 корхонаҳои калони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Қазоқистон, беш аз 160 корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

(more…)

Намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки аз 15 то 18 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои музофоти Шандони Ҷумҳурии Мардумии Чин «Намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай»баргузор мегардад.

    Мақсад аз иштироки чорабинӣ ин муаррифӣ намудани молҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкоронмебошад.

         Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба Намоишгоҳи мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассал оид ба чорабинӣ

Тел: 2230669

Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид

Имрӯз, 10 май дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид.

 Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, форуми сароягузории муштаракро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соддагардонидани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. (more…)

Дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид

Дирӯз, 9 май дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар форум раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, имкониятҳои содиротӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ маълумот дод. Раиси вилоят таъкид дошт, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд барои рушди соҳибкорӣ, вусъати ҳамгироӣ бо шарикони рушд ва созмонҳои молиявӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. (more…)

Дар Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд

Рӯзи 21 апрел дар меҳмонхонаи “Регистон плаза” – и шаҳри Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Бизнес – форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев иштирок ва суханронӣ намуданд. (more…)