Category: Ахборот

Зодрӯз муборак Раиси мӯҳтарам!

Муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон

Раиси Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун аз номи роҳбарият ва кормандони Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Шуморо бо санаи фархунда Рӯзи зодрӯзатон самимона табрик ва муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама сиҳат саломати рӯзгори босаодат ва тамоми хушиҳои рӯи оламро орзӯ менамоем.

Фаъолияти пурмасъулияти Шумо дар зинаҳои гуногуни соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар назаррас буда баҳри рушди ҷомеа саҳми бузург гузоштаед ва дар ҳама зинаҳои фаъолият, ташкилотчӣ, ташаббускор ва садоқат ба касбу кор намуда пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳед.

Хизматҳои пурмаҳсули Шумо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдони карда шуда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолию фаъолияти самаранок дар пешрафти фаъолияти меҳнатӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданатон боиси ифтихори мо мебошад.

Кормандони Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, Шуморо ҳамчун роҳбари ғамхору ёвар, марди некхоҳу ҳамида, инсони нексиришт ба худ қабул намудаанд. Зеро дар симои Шумо мо шахси ватандӯсту кордон, неккирдору ростқавлро мебинем.

Бори дигар, Шуморо Раиси  муҳтарам, бо Рӯзи мавлудатон бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ ва неруи созандагиву бунёдкорӣ,  табрик намуда, ба Шумо муваффақияту комёбӣ ва дар кору рӯзгоратон бурдбориҳо орзу менамоем.

Хамеша сарбаланд бошед!

 

 

ВОХӮРИИ ДОИРАҲОИ ТИҶОРАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА ҶУМҲУРИИ БОШҚИРДИСТОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

18-уми августи соли 2021 дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираи соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Бошқирдистон  баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати вилоят, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Бошқирдистон   баргузор карда шуд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъкубӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳайати меҳмононро самимона хайрамақдам намуда, барои таваҷҷӯҳ ба таҳкими ҳамкорҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, изҳори сипос намуда оиди инкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузории вилоят аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд  муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби Изотова Лена Михайловна муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Бошқирдистон низ, муарифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ширкатҳои фаъолияткунандаи ин кишвар сурат гирифт.

Дар ҷараёни вохӯриҳо дар формати В2В,  доираҳои тиҷоратии ду минтақа имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки сармояи хусусиро дар соҳаҳои ба монанди: хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, туризм ва ғайра баррасӣ намуданд.

Дар вохӯри аз кишвари Бошқирдистон зиёда аз 15 намояндаи доираҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли ширкат намуданд. Инчунин роҳбарони 30 корхонаҳои вилоят, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар доираи ин вохӯрӣ бо Изотова Лена Михайловна муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии муносибатҳои байналхалқӣ, Халилов Ильдус Винерович Директори ташкилоти автономии ғайритиҷоратии “Маркази дастгирии содироти” ва бо роҳбарони якчанд корхонаҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон вохӯрӣ намуда дар масъалаи ташкили корхонаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот аз вилоят, ташкили сафарҳои омӯзиши барои доираи соҳибкорон даъват намуд. Дар асоси барномаи сафар меҳмонон аз инкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос шуда аз минтақаҳои сайёҳӣ дидан намуданд.

 

Вохурии омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд бо муовини Раиси шахри Хучанд Бокизода Бахтиёр Махмуд

Зимни мулокот доири амалигардонии хадафи чоруми Хукумати Чумхурии Точикистон: гузариш аз мамлакати аграрию саноати ба саноатию аграри, зиед намудани корхонахои саноати дар марказ ва шахру нохияхои вилоят мубодилаи андешахо карда шуданд.
Кайд карда шуд, ки афзудани шумораи корхонахои саноати ва таъсиси чойхои нави кори мусоидат намуда, ба бехбудии сатхи ичтимои ва некуавхолии мардум замина мегузорад.
Истифодаи иктидори пурраи корхонахои мавчудаю навтаъсисёфта ва истехсоли махсулотхои ба талаботи бозори беруна чавобгую ракобатпазир ба афзудани хачми содироти махсулоти ватани ба мамлакатхои хоричаи дуру наздик имкон медихад.
Бо ворид намудани техникаи муосир ба истехсолот, зиёд намудани номгуи маьсулоти саноати ба афзудани содирот ва хам ба таъмини талаботи дохила шароит фарохам меоварад.
 

Мизи мудаввар дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд.

Санаи 15 июни соли равон дар толори Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд, дар доираи сафари сохибкорон аз вилояти Хатлон мизи мудаввар баргузор карда шуд. Сараввал мехмононро Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд Мухамадчонов Мухаммадчон Султонович ба вилояти Сугд хайрамакдам намуда, онхоро бо барномаи тасдик кардаи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд шинос карданд.

Сипас Раиси Ассотсиатсияи занхои сохибкори вилояти Хатлон Назирова Раъно ва муовини Директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Сангов Шараф миннатдории сохибкорони вилояти Хатлонро ба Макомоти ичроияи хокимияти ичроияи давлатии вилояти Сугд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд барои пешвози самими расониданд.

Хайати мехмонон аз шахру нохияихои Хучанд, Гулистон, Бобочон Гафуров, Спитамен ва Зафаробод аз 15ум то 17 июн дидани намуданд.

Наврӯз муборак!

Муҳтарам соҳибкорон, ҳамкорон ва шарикон! Шумоёнро аз номи Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо фарорасии фасли гулу эҳёи табиат, соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёд, иди ҷаҳонии Нарӯзи самимона муборакбод намуда, баҳратон хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳоро таманно менамоям. Дар ҳақиқат, ин ҷашни тааҷубовар зебо ва меҳрубонона дар инсон эҳсосоти беҳтарин, олиро бедор мекунад. Ин аст, ки Наврӯз новобаста аз миллат, забон ва мазҳабашон барои ҳама ҳамватанони мо ҷашни муҳбуб ва азиз гардид. Бигузор файзу баракати Наврӯз ба зиндагониатон рангу таровати тоза бахшида дастархонатонро пурфайз гардонад.

Иди Наврӯз муборак, дӯстони азиз!

Бо камоли эҳтиром,

Омири кулли Палатаи савдо

ва саноати вилояти Суғд

Мухамедҷонов М.С.

Вохӯрии Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Нур-султон)

Санаи 16 марти соли 2021 Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон Наимович бо Сафири Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Нур-султон) ҷаноби Андре Карстенс дар толори Палата вохӯрӣ баргузор намуданд.
Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноат Анваров Насимҷон пеш аз ҳама ташрифи ҷаноби сафир Андре Карстенсро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палата иқдоми нек шуморида, вобаста ба самти фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо ва имкониятҳои тиҷоратӣ-сармоягузории кишвар маълумотҳои мушаххас ироа намуданд.
Ҷаноби сафир аз фаъолияти Палата ва имкониятҳои тиҷоратӣ-сармоягузории ҷумҳурӣ изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати ташкил намудани миссияҳои тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар изҳори ҳавасмандӣ баён доштанд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ҷаноби сафир қайд карданд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар назар аст, ки дар ҳолати ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ як ҳайати соҳибкорони Шоҳигарии Нидерланд барои шиносоӣ аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ва пайдо намудани шарикон дар моҳи сентябри соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд.
Инчунин, ҷаноби сафир Андре Карстенс сафари ҳайати соҳибкорони Нидерландӣ ба Тоҷикистонро зимни баргузории намоишгоҳи истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ё ин ки дар доираи ин сафар ташкил намудани намоишгоҳи истеҳсолкунандагони Тоҷикистон алалхусус истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро мувофиқи мақсад шумориданд.
Анваров Насимҷон пешниҳоди ҷониби сафирро қобили дастгирӣ шуморида, зикр намуданд, ки Палата омодааст, дар сурати дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, қабл аз вуруди ҳайати соҳибкорони Шоҳигарии Нидерланд ба Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти истеҳсолкунандагони кишварҳои якдигар як чорабинии тиҷоратӣ ба монанди бизнес-форум ё ин ки намоишгоҳ баргузор намояд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни доираҳои соҳибкорони ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Мулоқоти роҳбарияти ПСС ҶТ бо Директори Корхонаи воҳиди намоишгоҳии “Белинтерэкспо” Введенский Е.С.

Санаи 15 марти соли 2021 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷ.Ҷ. бо Директори Корхонаи воҳиди намоишгоҳии “Белинтерэкспо” -и Палатаи савдо ва саноати Беларус муҳтарам Введенский Е.С. баргузор гардид. Инчунин дар ин вохӯрӣ, сардори Раёсати фаъолияти намоишгоҳӣ ва ярмаркаҳои ПСС Белорус Шаханович А.К., муовини якуми Раиси ПСС ҶТ Анваров Н.Н. ва Директори “Маркази намоишгоҳӣ”-и назди ПСС ҶТ Мирсаидов Д.А. ширкат варзиданд.

(more…)

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН – КИШОВАРЗОН ВА КОРКАРДКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаҳои 5-6-уми марти соли равон таҳти роҳбарии Диреткори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва намояндагони лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (Winrock International) ҳайати соҳибкорон-кишоварзон ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзии вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ташриф ба амал оварданд.

(more…)

НАХУСТИН НАМОИШГОҲИ УНИВЕРСАЛИИ ФОСИЛАВИИ (ОНЛАЙН) “MADE IN TAJIKISTAN – 2020”

Вазъияти кунунии ҷаҳон бо сабаби паҳншавии пандемияи COVID-19 ба ҳаёти одамони сайёра тағиротҳои азим ворид намуда, пандемия ба фаъолияти соҳибкории ҷомеа низ таъсир расонидааст. Ин ҳолат шакли баргузории чорабиниҳое, ки ба фаъолияти тиҷоратии муштарак ва сармоягузорӣ равона шудаанд, тағйир дод. Бо назардошти ин, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аксари чорабиниҳоро тариқи фосилавӣ (онлайн) баргузор намуда истодааст. Аз ҷумла: бизнес форумҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, омӯзишҳо, видеоконфронсҳо, ҷаласаҳои Шӯроҳои корӣ ва ғайра, тариқи фосилавӣ баргузор шуда истодаанд.
Дар асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирии ҷомеаи соҳибкории кишвар нигаронида шудааст, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории нахустин намоишгоҳи универсалии онлайнии “Made in Tajikistan 2020”, ки гузаронидани он аз 26.11.2020 то 17.12.2020 ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад. Намоишгоҳи мазкур ба платформае мубаддал хоҳад шуд, ки беш аз 150 ширкат дар соҳаҳои зерин молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ менамоянд:
• саноати хӯрокворӣ;
• саноати сабук;
• сохтмон;
• нақлиёт;
• хизматрасонӣ;
• ҳунармандӣ
• сайёҳӣ.
Иштироккунандагони намоишгоҳ маълумотҳои заруриро дар бораи ширкат, намунаҳои маҳсулоти виртуалӣ, видеоҳо ва ғ. пешниҳод менамоянд. Тамоми маълумот бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод карда мешавад.
Платформаи намоишӣ бо дастгирии молиявии шарики Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) “Мусоидат ба рушди фарогирии иқтисодиёти деҳот барои некӯаҳволии аҳолӣ (TRIGGER), ки аз номи Вазорати Федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амал мекунад” (BMZ), ташкил карда шудааст.
Нахустин намоишгоҳи онлайн, барои ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтидори содиротӣ, дарёфти бозорҳои нав, тавсеаи ҳамкориҳои ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷалби сармоя равона карда шудааст.
Дар платформаи намоишгоҳи мазкур, дигар маълумотҳои муфид ва истинодҳо барои ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла маълумот оид ба имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилкунандаи ин чорабинӣ шуморо ба боздид аз намоишгоҳи онлайнии “Made in Tajikistan” ба суроғаи зерин: www.expotajikistan.tj, даъват менамояд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Форуми тичоратии сохибкорони вилоятхои Сугду Твери Федератсияи Россия.

Cанахои 16-17—уми марти соли равон дар доираи барномаи ташрифи хайати вакилони тичорати вилояти Твери Федератсияи Россия ба Чумхурии Точикистон гурухи намояндагони ширкатхои «Вега», «Вертязин», «СИ продукт», «Иттифоки саноатчиёни чангал ва содироткунандагони махуслотхои чангал», Маркази Робитахои Расмии вилояти Твер ба Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд ташриф оварданд.

 

17- уми марти соли равон дар толори мехмонхонаи «Сугдиён» – и шахри Хучанд Форуми тичоратии сохибкорони вилоятхои Сугду Твери Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар чорабини намояндагони зиёда аз 20 корхонаву ташкилотхо ва доираи сохибкории вилоят иштирок доштанд.

Дар чараёни форум намояндагони тарафхо доири мубодилаи тарафайни маълумоту ахборотхои ба пешбурди фаъолияти мусбии иктисоди мусоидаткунанда, ба рох  мондани муомилоти додугирифтии молу махсулот, ташкили намоишгоххо-ярмаркахои якчоя андешарони намуданд.

 

 

Мувофики барномаи чорабини аз руи самти сохавии фаъолият вохурихо тартиби В2В баргузор гардид. Дар интихои вохурихо иштирокунандагон ба хамкорихои мувофикашуда карордодхо кабул карданд.

Форум дар сатхи зарури анчом ёфт.

Дар кисмати дуюми руз дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд натичахои мулокоту вохурихо ва чорабинихои баргузоргашта барраси гардида, байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Сугд ва «Маркази Робитахои Расми», «Фонди мусоидат ба рушди сармоягузории венчури дар субектхои сохибкории хурду миёна дар сохаи илму техника» – и вилояти Твер созишномахои хамкори ба имзо расонида шуданд.