Category: Ахборот

Дар Душанбе имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон муаррифӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 19.04.2017/АМИТ «Ховар»/.

Доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон хостори ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши иқтисоду тиҷоратанд. Дар ин росто имрӯз дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир шуд, ки дар он имконият ва иқтидори иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор муаррифӣ гардид.

«Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ, афзун гардонидани ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар мебошад»,-гуфт дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамзамон дар назди доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назира Дадахонова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар доир ба зарфият ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан карданд. (more…)

30 март аз рӯзи таъсисёбии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 сол сипарӣ мегардад.

Мусоҳибаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид

 Хабарнигори АМИТ «ХОВАР» аз Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намуд, дар бораи фаъолияти 57 солаи Палата суханронӣ намояд.

rais-57

(more…)

АСРОР САФОЕВ – ҲЕҶ ГОҲ НАМОЯНДАИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАБУД

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар воситаҳои ахбороти омма маълумоти собиқ консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия Маҳмадназар Мирзода дар чанд мусоҳибааш бо матбуоти русӣ гуфтааст, ки мошинро барои гузаронидани маъракаи наврузи ба Асрор Сафоев гуё ба “намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Петербург” ва раиси созмони ҷавонони тоҷики ин минтақа “барои бурдану овардани меҳмонон” дода буд.

(more…)

Табрикнома ба муносибати Иди Наврӯз

Фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба Шумо муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандӣ, комёбиҳои назаррас, осмони софи беғубор ва файзу баракатро таманно  менамоям.

Дар Иди Наврӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд.

Бигзор, Наврӯзи ҷаҳонӣ дар хотираи аҳли ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун намунаи хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва чун зеботарин ҷашни башарӣ то ҷовидон боқӣ монад.

Бори дигар ба Шумо бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, иқболи баланд ва тансиҳативу рӯзгори осударо орзу менамоям.

Наврӯзи хуҷастапай муборак!

 navruz-2017-1

       Бо эҳтиром,

       Омири кулли

       Палатаи савдо ва

       саноати вилояти Суғд                                             Шарифзода Фирдавс

ИДИ 8 МАРТ МУБОРАК, МОДАРОНУ ХОҲАРОНИ АЗИЗ!

Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ҳамаи занону модарони ҷумҳуриро бо иди пуршукӯҳи рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуда, беҳтарин барору неъматҳои зиндагиро таманно дорад.

Занону модарон оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллат аст. Зан-Модар сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамояд.

 Бигзор лабҳои занону модарон ва хоҳарону духтарон пурханда бошанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ дарду ғамро набинанд.

Худованди муттаол хонадонатонро пур аз файзу баракат гардонад ва ҳар яки шуморо ба тамоми ниятҳои некатон расонад.

Идатон  муборак,  модарону хоҳарон  ва бонувони  азиз!

8-marta-1

Форуми минтақавии Шартномабандӣ-2017

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд  дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд санаҳои 24-25-уми феврали соли равон дар Маркази таълимии Бонки миллӣ воқеъ дар шаҳри Гулистон Форуми минтақавии  Шартномабандӣ багрузор карда шуд.

img_0041

(more…)

Бузургтарин Намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо-2017» ба анҷом расид

10 феврали соли 2017 дар шаҳри Москва бузургтарин намоишгоҳи байналмилали «Продэкспо-2017» кори худро анҷом дода намояндагони вилоятро барои иштироки фаъолона дар 24-умин намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти озуқаворӣ, машрубот ва ашеи хом барои тавлиди онҳо  бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

tsentr_zakupok_setey_img_1587_m

(more…)

Ифтитоҳи намоишгоҳи “ПРОДЭКСПО-2017”

Имрӯз, 6-уми феврали соли 2017 дар Маҷмаи марказии намоишгоҳи “Экспосентр” маросими расмии ифтитоҳи 24-ум намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти озуқаворӣ, машрубот ва ашеи хом барои истеҳсоли онҳо “Продэкспо-2017” баргузор гардид.

2

(more…)