Category: Наздиктарин чорабиниҳо

Намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки аз 15 то 18 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои музофоти Шандони Ҷумҳурии Мардумии Чин «Намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай»баргузор мегардад.

    Мақсад аз иштироки чорабинӣ ин муаррифӣ намудани молҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкоронмебошад.

         Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба Намоишгоҳи мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассал оид ба чорабинӣ

Тел: 2230669

III Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ-2018

Рӯзҳои 13-14 апрели соли 2018 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд III Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ-2018 баргузор мегардад. Дар форум намояндагони доираҳои корӣ аз бисёр давлатҳои хориҷӣ иштирок мекунанд.

Дар доираи Форум муҳокимаи ташкили таъминоти маҳсулот, дурнамои рушди соҳа, инчунин гузаронидани вохӯриҳо байни истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.

Ташкилкунандагони чорабинӣ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд.

Бо барнома ва шакли дархост барои иштирок, инчунин  маълумоти муфассалро Шумо метавонед тариқи сомонаи: www.exposughd.com.  шинос шавед.

БАРНОМАИ ФОРУМ

Конфронси байналмилалии илмӣ: ”Аспдавонии туркманӣ ва санъати ҷаҳонии асппарварӣ”

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон   

 

            Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хоса ва миннатдории беандозаи худро ба Шумо баён намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 26 то 29 апрели соли 2018 дар ш. Ашқобод 10—умин Конфронси байналмилалии илмӣ: ”Аспдавонии туркманӣ ва санъати ҷаҳонии асппарварӣ”, ҷаласаи 8-уми Иттиҳодияи байналмилалии асппарварии ахалтекинӣ ва Намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба асппарварӣ баргузор мегардад.

            Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабиниҳои мазкур  даъват менамоем.

 

Маълумоти муфассал:  

Тел: (+99312) 210239

Email: turkmenatlary@gmail.com

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Корея-2018

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

         Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 14 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Сеули Корея «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Корея-2018» баргузор мегардад.

         Палата иштироки Шуморо дар намоишгоҳи мазкур бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии кишвар, табодули таҷриба, ҷалби сайёҳон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ бо муассисаҳои сайёҳии кишварҳои хориҷӣ мувофиқи мақсад мешуморад.

Маълумоти муфассал: 

Тел: 2230669,  937004545

Emailmembers.tpptj@gmail.com  

Форуми минтақавии ҳамоҳангсозон

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

         Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 21- 22 феврали соли 2018дар шаҳри Минск Форуми минтақавии ҳамоҳангсозон оид ба мақсадҳои рушди устувор «Бунёди муносибатҳои шарикӣ барои дастгирии кӯшишҳои миллӣ барои рушди устувор» ва рӯзҳои 6-10 феврали соли 2018 дар шаҳри Кувейт Намоишгоҳи тиҷоратӣ баргузор мегардад.

         Тибқи иттилои ҷониби Белорусия Форуми минтақавии ҳамоҳангсозон оид ба мақсадҳои рушди устувор «Бунёди муносибатҳои шарикӣ барои дастгирии кӯшишҳои миллӣ барои рушди устувор» аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо намляндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Белорус баргузор мегардад.Дар Форуми мазкур масъулони баландпояи давлатҳои минтақа барои рушди устувор иштирок намуда, таҷриба ва натиҷаҳои худро ҷиҳати расидан ба рушди устувор муаррифӣ намуда, камбудиҳо ва мушкилиҳоро дар ин раванд баррасӣ менамоянд.

Маълумоти муфассал: 

Тел: +375 17 226 15 30

Email: uesur@mfa.gov.by, info@kif.net

Намоишгоҳи байналмилалии Чин доир ба воридот

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 5 то 10 ноябри соли 2018 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин «Намоишгоҳи байналмилалии Чин доир ба воридот» баргузор мегардад, даъват менамояд. Пардохти хароҷот ҷиҳати иштирок дар намоиши мазкур аз ҳисоби иштироккунандагон амалӣ карда мешавад.

 

Маълумоти муфассал: 

Тел2230669,  937004545

Emailmembers.tpptj@gmail.com

Форуми соҳибкорони Ҳиндустону Тоҷикистон

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 15-уми ноябри соли 2017 соати 10:00 дар толори Меҳмонхонаи «Хаят редженси» ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мегардад. Дар кори чорабинӣ бахшҳои сайёҳӣ, саноати сабук (текстиль), хӯрокворӣ, Форматсевтика, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра иштирок менамоянд.         Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон  даъват менамоем.

Бақайдгирӣ: 15-уми ноябри соли 2017 соати 09:30

 

Маълумоти муфассал: 

Тел: (83422) 6-16-40

Эл.почта: info@tpp-sugd.tj

11-умин Намоишгоҳи байналхалқии Осиёи Марказӣ дар ш.Тошкент

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

             Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми худро ба Шумо баён намуда, бо мақсади ҷорӣ намудани мақсадҳо ва вазифаҳои фаъолияти Палата, ки мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба уҳдаи Палата гузошта шудаанд, чунин иттилоъ медиҳад, ки аз 13 сентябр то 15 сентябри соли 2017 дар ш. Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон 11-умин Намоишгоҳи байналхалқии Осиёи Марказӣ зери унвони «TextileExpoUzbekistan 2017» ва «Текстильное оборудование и технологии – CAITME 2017»  баргузор мегардад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Барои гирифтани маълумоти бештар метавонед аз тел: +(998 71) 205 18 18, ё почтаи электронии Emailyana_ivanova@kongressservis.uz истифода баред.