Аъзои ПСС будан нафақат манфиатнок, балки боэътибор мебошад. Мансубият ба Палатаи савдо ва саноат дар ҳамаи ҷаҳон ҳамчун нишонаи эътимоднокӣ ва устувории корхона мебошад. Палата фаъолияти фаъоли дар ахборотҳои тақризшуда мебарад. Корхонаҳо ва ташкилотҳои фаъолона дар  ҳаёти Палата ширкаткунанда, аз таваҷҷӯҳи волои воситаи ахбори умум истифода бурда, бо ҳамин васила мавҷудияти худро дар фазои ахборотии минтақа паҳн менамояд. Узвият  дар асоси ихтиёрӣ ва аз ҳисоби аъзоҳаққиҳо амали карда мешавад. Ҳоло 164 ташкилоту корхонаҳо аъзоёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мебошанд, ки байни онҳо корхонаҳои пуриқтидори  вилоят чун ҶДММ КМ «Ҷавонӣ»,  ҶДММ КМ «Текстил-Сити », КД «Востокредмет» ва ғайраҳо дохил мебошанд.

         Ба аъзои палата имтиёзҳо дода мешаванд, мавриди:

– додани сертификатҳои пайдоиши молҳо;

– гузаронидани экспертизаи холиси камомад, норасоии миқдорӣ, номаҷмӯияти бор;

– маслиҳатдиҳиҳо доири масъалаҳои амалиётҳои савдои беруна, бақайдгирии шартномаҳои содиротиву воридотӣ;

– иштироки бепардохт дар бизнес-форумҳо, конфронсҳо, бирҷаҳои иттиҳодиявӣ, мизҳои мудаввар;

– ҷойгиркунии молҳо дар намоишгоҳҳои ташкилкунандаи ПСС вилояти Суғд дар Тоҷикистон ва хориҷа бо шароитҳои имтиёзнок;

– маслиҳатдиҳиҳо доири маслъалаҳои гузаронидани амалиётҳои савдои беруна, башартномаҳои содироту воридотӣ бо шароитҳои имтиёзнок.

  1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Низомномаи мазкур мутобиқи Қонуни Оинномаи ПСС ҶТ таҳия шуда, тартиби қабул ва бақайдгирии аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

1.2. Аъзои ПСС ҶТ ташкилотҳо, корхонаҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ шуда метавонанд.

1.3. Ташкилотҳо, корхонаҳо ва соҳибкорон ба ҳайати ташкилот мансубдошта (иттиҳодҳо, ассотсиатсия ва ба он монанди онҳо), мавриди дохилшавиашон ба аъзогии ПСС ҶТ аъзо шуда наметавонанд.

1.4. Ташкилотҳо, корхонаҳо ва соҳибкорон ба аъзогии ПСС ҶТ дохилшуда, ҳамчун аъзо ба ҳисоб мераванд.

  1. Тартиби қабули корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба аъзогии Палатаи савдо ва саноати ҶТ

2.1. Қабули корхонҳо, ташкилотҳо, тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ ба аъзогии ПСС ҶТ-ро ПСС-и ҶТ амалӣ мегардонад

2.2. Қабул ба аъзогии Палата дар асоси аризаи шакли муқарраршуда ба номи Раиси Палата бо имзои роҳбари корхона анҷомдода мешавад.

2.3. Корхонаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорон ба Палатаи савдо ва саноат ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

* Ариза оиди қабул ба аъзогии ПСС ҶТ;

* Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва оинномаи (соҳибкорони инфиродӣ нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ) бо мӯҳри корхона (соҳибкори инфиродӣ) тасдиқшуда;

2.4. Корхонаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорон баъд аз қабули қарори мутобиқи роҳбарикунандаи Палата аъзои ПСС ҶТ мешаванд.

2.5. Ба корхонаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорони ба аъзогии Палата қабулшуда аз тарафи Палатаи савдо ва саноати ҶТ шаҳодатномаи шакли тасдиқшуда дода мешавад.

2.6. Аъзои ПСС ҶТ дар шахсияти намояндагони ваколатдори худ ҳуқуқ доранд:

а) Бо тартиби муайяннамудаи Шӯрои Палата, намояндагон дар Анҷумани ПСС ҶТ ба мақомоти роҳбарикунандаи Палата интихоб карда ё интихоб шуда метавонанд.

б) Ба баррасии Раёсати Палата пешниҳодҳои ба фаъолияти он дахлдорро пешниҳод намояд.

в) Дар ҳалли масъалаҳои ба доираи фаъолияташ дахлдор аз ПСС ҶТ кӯмаки зарурӣ гирад.

г) Дар шароити имтиёзноки муқаррарнамудаи мақомоти роҳбарикунандаи Палата хизматрасониҳои Палата ва корхонаву муассисаи вай истифода барад.

  1. Қатъшавии аъзогӣдар ПСС ҶТ ва хориҷкунӣ аз аъзогии ПСС ҶТ

3.1. Барои қатъ гардидани аъзогӣ дар ПСС ҶТ аризаи хаттии аъзои ПСС ҶТ, барҳамшавӣ, азнавтаъсисёбӣ ва қатъи фаъолияти соҳибкорӣ асос шуда метавонад.

3.2. Барои хориҷ намудан аз аъзоёни ПСС ҶТ иҷро накардани яке аз ӯҳдадориҳо аз тарафи аъзои Палата, ки бо моддаи 15-и Оинномаи ПСС ҶТ муайян намудааст, асос шуда метавонад.

3.3. Хориҷ аз аъзоёни ПСС ҶТ ва қатъи аъзогӣ дар  ПСС ҶТ аз тарафи Раёсати Палата бо мувофиқи минбаъда ва тасдиқ дар Шӯрои ПСС ҶТ ба амал бароварда мешавад.

3.4. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва лоиҳаи қарори Раёсати ПСС ҶТ оиди хориҷкунӣ аз аъзоёни Палата ва қатъ гардидани аъзогӣ дар ПСС ҶТ-ро сектори кор бо аъзоёни Палата омода менамоянд.

Барои аъзои ПСС вилояти Суғд шудан пешниҳоди аризаи шакли муқарраршуда ва пур кардани саволнома зарур буда , баъди баррасии ариза ва маълумотҳои саволномавӣ, ҳисобнома ба қабули аъзогии вилояти Суғд дода мешавад.

Барои маълумоти иловагӣ ба Шӯъбаи алоқаҳои берунаи иқтисодии ПСС вилояти Суғд муроҷиат намоед:

Суроға: ш.Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 181 (ошёнаи 3)

Тел: 8(3422) 6-16-40

E-mail: info @tpp-sugd.tj

Ариза-саволнома (анкета)