Санаи таъсис 23 декабри соли 1970 (қаблан аз 27-и октябри 1939 то 28 марти 1962)

Мавқеи географии вилоят дар шимолии Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Масоҳат 26,1 ҳазор км.кв.

Шумораи умумӣ аҳолӣ зиёда аз 2,4млн. нафар. Аҳолии вилоят асосан аз тоҷикон иборат буда, инчунин русҳо, ӯзбекхо ва қирғизон зиндагӣ мекунанд. Ҷойгиршавии миёна 97 нафар дар 1 км.кв.

Вилоят ба 8 шаҳр: Худҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Б. Ғафуров ва 14 ноҳия:  Айни, Ашт, Деваштич, Зафаробод, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Б. Ғафуров, Шаҳристон тақсим мешавад.

Маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад.

Вилояти Суғд, вилояти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таърихи кӯҳан ва релефи географияи гуногун дорад. Бо туфайли мавқеъи судманди ҷойгиршавии худ вилояти Суғд дарвозаи шимолии тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳамчун ҷавҳари водии Фарғона ном баровардааст. Аз ҳудуди вилояти Суғд ҳамаи системаҳои таъмини фаъолияти водии Фарғона мегузаранд. Ин системаҳо роҳҳои оҳан, хатҳои газии байнидавлатӣ, хатҳои баланшиддати барқ ва роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ дошта мебошанд.

Вилоят дар ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон басо нақши муҳимро мебозад. Иқтидори саноатӣ ва кишоварзии ҷумҳурӣ маҳз дар ҳамин вилоят мутамарказонида шудааст.

Дар вилояти Суғд саноати коркарди куҳӣ, махсусан истехроҷи металлҳои ранга ва камёб рушд кардааст. Дар ҳудуди вилоят корхонаҳое фаъолият мебаранд, ки бо коркард ва истехроҷи тилло, нуқра, сурб, руҳ, ангишт, санги хоро, мармар, гач, қуми кварсӣ ва ғайра манбаъҳои табиӣ машғуланд.