Шартҳои ба даст овардани раводид бо мақсади воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Воридоти шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон (бидуни баъзе шаҳрвандони собиқ Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ) дар ҳолати мавҷуд будани шиноснома ва раводид барои воридот ба амал бароварда мешавад. Ин раводидро дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа  (Австрия, Белгия, Олмон,  Эрон,  Хитой,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия,  Туркия,  Туркманистон,  Узбекистон, ИМА,  Покистон) гирифтан мумкин аст.

Нархи раводиди сайёҳӣ  барои шаҳрвандоне,  ки ба  Тоҷикистон меоянд, 25 $ ташкил медиҳад. Барои шаҳрвандони  кишварҳои  ДММ (СНГ) ба ғайр аз Туркманистон ва Узбекистон, барои ворид гардидан ба ҷумҳурӣ раводид лозим нест.

Боз бо 69 давлати  дунё  реҷаи осонгардидаи додашавии раводид амал менамояд, ки бино бар он раводидҳои дипломатӣ, хизматӣ, корӣ ва сайёҳиро ба мӯҳлати 45 рӯз  метавон дар худи фурудгоҳи Душанбе ба даст овард. Дар байни ин давлатҳо Британияи Кабир, Хитой, ИМА, Ҷумҳурии федеративии Олмон,Эрон, Фаронса, кишварҳои назди Балтика, Ҷопон, Туркиё ва дигарҳоянд.

 Хоҳишмандоне, ки мақсади ташрифи Тоҷикистонро доранд,бояд  аз тарафи ташкилот, ширкати маҳаллӣ, шахси воқеӣ даъватнома дошта бошанд. Бо ин мақсад  ба Вазорати корхои хориҷӣ ва ё Вазорати корхои дохилӣ (мувофиқи мақсади ташриф) пурсиш барои муоина супорида мешавад. Мӯҳлати дида баромадани  пурсиш 30 рӯз аст.

Дар ҳолати ба даст овардани  иҷозати расмӣ барои воридот (тасдиқи  даъватнома, Сonfirmation of invitation), ин ҳуҷҷат ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар ҳамон кишвар фиристода мешавад, ки шаҳрвандаш интизори раводид аст ва ба худи он шахс раводид дода мешавад.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи осон карда шудани барасмиятдарории раводидҳо содиротиву воридотӣ ба тоҷикистон барои шаҳрвандони давлатҳои Иттиҳодии Аврупо, ИМА ва Ҷопон», №460 аз 25 октябри соли 2003, раводид ба шаҳрвандони давлатҳои номбаршуда дар муддати 3 рӯзи корӣ дода мешаванд.

Дар мувофиқа бо Қарори Ҳукумати ҶТ №368 аз 12 сентябри соли 1998 «Дар бораи нуқтаҳои убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иловаву дигаргуниҳои минбаъда, воридот (содирот) ба мамлакат тавассути ҳар нуқтаи убури сарҳади давлатӣ, ки амал мекунад, мумкин мебошад.

Аз ҷумла:

  • шаҳраки Панҷи поён,н. Қумсангир,вил.Хатлон.
  • қ. Кокул, н.Фархор, вил.Хатлон.
  • маҳаллаи Тем ш. Хоруғ.
  • қ. Рузвай н.Дарвоз, ВХБК.
  • қ. Хумроғи н. Ванҷ. ВХБК.,
  • қ. Лангар,н. Ишкошим, ВХБК
  • уч. Кызы-Работ (Гунжбай)н. Мурғоб  ВХБК
  • қ. Ишкошим,н. Ишкошим. ВХБК
  • қ. Кулма,н. Мурғоб, ВХБК.
  • қ. Қизил-Арт, н.Мурғоб, ВХБК
  • нуқтаи назорату убур дар шоҳроҳи ш. Панҷакент- Самарқанд.
  • қ. Бештеппа, н.Турсунзода.
  • нуқтаи гумрукии  “Фотеҳобод” , н.Мастчоҳ (байналхалқӣ).
  • нуқтаи гумрукии  “Плотина”,н.Нов  барои шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон.
  • нуқтаи назорату убур дар стансияи роҳи оҳани Конибодом, вил.Суғд.
  • нуқтаи назорату убур дар стансияи роҳи оҳани Нов н. Нов, вил.Суғд.
  • нуқтаи назорату убур дар стансияи роҳи оҳани Пахтаобод, н.Турсунзода.
  • нуқтаи назорату убур дар стансияи роҳи оҳани Хошади, н.Шаҳритус,вил.Хатлон.
  • Фурудгоҳҳо (дар ш. Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, пгт. Айнӣ, н. Рӯдакӣ).

Аз январи соли 2010 ба тартибу низоми  будубошти шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ҶТ  таъғирот илова гардид:

  1. Сайёҳони хориҷие, ки даъватнома доранд, бидуни аз қайд гузаштан, метавонанд ба мӯҳлати 30 рӯз дар Тоҷикистон қарор ёбанд.
  2. Барои ба баландии то 3000 метр баромадан, супоридани маблағ бекор карда шудааст. Барои  ба  минтақаи сарҳадӣ ворид гардидан (масалан, ба ВХБК), иҷозати махсус лозим аст, ки аз тарафи шӯъбаи минтақавии корҳои дохилии ВКД ва ё ОВИР дода мешавад.

      Барои  шаҳрвандони Русия – воридоту содирот  бе раводид, аз рӯи шиносномаҳои хориҷист.

Ҳангоми сайёҳат бо кўдакон бояд донист, ки:

            1.Кўдакони то сини 14-сола, ки шиносномаи хориҷӣ надоранд, бояд ба шиносномаи  волидайн номнавис шуда бошанд. Дар ин маврид барои кўдакони аз сини 6-сола боло, сурат низ часпонидан ҳатмист.

  1. Агар кўдаки ноболиғ  бо яке аз волидайн ба сайёҳат баромада бошад, ваколатномаи волидайни дигарро, ки дар нотариус тасдиқ шудааст, бояд дар даст дошт.

             3.Агар кўдаки ноболиғ  (то сини 18 сола) бе волидайни худ, аммо бо шахси дигаре, ки ўро роҳбаладӣ менамояд, ба сайёҳат баромада бошад,  ваколатномаи  ҳар ду волидайнро  ба номи шахси роҳбалад , ки дар нотариус тасдиқ шудааст, бояд дар даст дошт.

               4.Дар ҳолати пурра набудани оила, бояд  нусхаи  ҳуҷҷатҳои зерини дар нотариус тасдиқшуда пешниҳод карда шаванд:

А) шаҳоданома дар бораи фавти волидайни дуввум;

Б) шаҳодатномаи модари якка;

В)  шакли 25-и дар шӯъбаи қайди ақди никоҳ (ЗАГС) додашуда, дар мавриде, ки номи падар дар шаҳодатномаи таваллуди фарзанд аз даҳони модар номнавис шуда бошад;

Д) қарори суд дар бораи маълум набудани ҷои муқаррароти волидайни дуввум;

 Тоҷикистон  дар ҳамон кишвар фиристода мешавад, ки шаҳрвандаш интизори раводид аст ва ба худи он шахс раводид дода мешавад.