Фаъолияти байналхалқӣ – яке аз самтҳои афзалиятноки кори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ӯро аз дигар ассотсиатсияҳои Тоҷикистон фарқ менамояд. Солҳои охир обрӯю нуфузи Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар арсаи байналхалқӣ мустаҳкаму боло рафтааст. Ба туфайли муносибатҳои ҳамкорӣ бо 87 палатаҳо ба воситаи Палатаи савдо ва саноат гирифтани ахборот доири бозорҳои хориҷа, шарикони ҳамкор, хусусиятҳои пешбурди тиҷорат ва қонунгузориҳои сармоягузории ин мамлакатҳо имконпазир гаштааст.

 Дар ҳолати ҳозира оиди ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорусь, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Карелия, Арманистон, Молдовия, Чувашистон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрону Афғонистон созишномаҳо ба имзо расонида шудаанд.

  Барои он, ки мутахассисони таҷрибадору донандаи хуби мамлакат, қонунгузориҳои он кӯмаки амалии худро ба соҳибкорони тоҷик дар дарёфти шарикони боэътимод, сармоягузорони ҷиддӣ, таъмингарони маҳсулотҳои босифат, технологияҳои нав расонанд.

 Дар мамлакатҳои шарикони стратегии Тоҷикистон Палата дар таъсиси намояндагиҳои худ дар ин мамлакатҳо корбарӣ менамояд.

 Ҳамзамон ба соҳибкорони  хориҷӣ дар дарёфти шарикони тоҷик кӯмак расонида, онҳоро бо фазои сармоягузорӣ ва хусусиятҳои пешбурди тиҷорат ба Тоҷикистон ошно месозад.

  Дар давраи аз соли 2010 то ҳозир намояндагони доираи тиҷорати сершумор ва ҳайати дипломатии Россия, Олмон, Австрия, Эрон, Белорус, Туркия, Афғонистон, Покистон, Чехия, Болгария, Чин, Лаҳистон, Словакия, Латвия ва дигарҳо ба Палата ташриф оварданд, ки дар ҳаёти иқтисодии мамлакатҳои дунё моҳияти ПСС-ро тасдиқ менамояд.

Рӯихати хизматрасониҳо:

  1. Дарёфти шарикони ҳамкор барои амалиётҳои содиротиву воридотӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, алоқаҳои иттиҳодиявӣ.
  2. Ташкили вакилони иқтисодӣ, ташрифҳо , мулоқотҳои корӣ.
  3. Ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳҳои байналхалқӣ, миллӣ, махсусгардонидашуда, ярмаркаҳо, семинарҳо, конфронсҳо, муаррифӣ дар Тоҷикистон ва берун аз марзи он.
  4. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ ва тоҷикӣ.