Шуъбаи экспертиза ва сертификатсияи ПСС Вилояти Суғд хизматрасониҳои зеринро пешниҳод менамояд:

Экспертизаи молҳо ва додани сертификатҳо оиди пайдоиши мол.

  • ба расмият даровардан ва шаҳодатномаи сертификатҳои пайдоиши мол;

Шаҳодатномаи сертификатҳои пайдоиши молҳо мутобиқи тарофаҳои муқарраршудаи Палатаи савдо ва саноат ва мувофиқа бо Вазорати Иқтисодиёт ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи пардохт амалӣ карда мешавад.

Айни замон Палатаи савдо ва саноат сертификатҳои пайдоиши моли шакли «СТ-1», шакли «А» ва шакли «GSP»-ро шаҳодат медиҳад. Сертификатҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ тартиб дода мешаванд.

Сертификати пайдоиши моли шакли «СТ-1», ба молҳои  ба мамлакатҳои ИДМ содиротшаванда  дода мешавад.

Сертификати пайдоиши моли шакли «А», ба молҳои содиротшаванда  ба кишварҳои ба Тоҷикистон афзалиятдиҳанда дар чорчӯбаи тартиби системаи генералӣ афзалият дода мешавад.

Мувофиқи банди 3-и Нақшаи чорабиниҳо доири соддагардонии монеаҳои маъмурӣ мавриди содирот  ва воридоти молҳо, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №487 аз 01 октябри соли 2008 тасдиқ шудааст, барои шаҳодати  сертификати пайдоиши мол асос мешавад:

Аризаи хаттии шахси ҳуқуқӣ ва воқеъӣ (соҳибкор, декларант) бо имзои роҳбар ё шахси ваколатдори Декларант бо дархости додани сертификати пайдоиши мол.

Барои муайян намудани мамлакати пайдоиши мол Декларант ӯҳдадор аст пешниҳод намояд:

  1. Нусхаи шартномаи содиротӣ
  2. Нусхаи ҳисобнома (инвойс)
  3. Яке аз ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи пайдоиши мол:

– сертификати сифат аз истеҳсолкунанда

– сертификати мутобиқат

– маълумотнома аз бозор ё ҷамоат.

Дар ариза номгӯи мол, миқдор, мавзеи фирист, мамлакати таъинотӣ, номгӯй ва суроғаи пурраи юридикии борқабулкунанда, воситаи нақлиёт ва хатсайри ҳаракат ифода карда мешавад. Мӯҳлати додани сертификат 1 рӯз (дар ҳолати пурра будани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо). Мӯҳлати амали сертификат аз 12 моҳ аз рӯзи додашавӣ.

  • гузаронидани экспертизаи миқдориву сифатии молҳо, ашёи хом ва таҷҳизотҳо ва муайян кардани мамлакати пайдоишӣ;

 Соҳибкор мавриди ворид намудани  мол метавонад бо як қатор мушкилотҳои ҷидди вобаста ба миқдор, сифати маҷмӯияти мол бар хӯрад. Аммо оиди мавҷуд будани санҷиши саривақтии молҳо ба ҳолатҳои корношоямӣ, камбудӣ ва нуқсон барои пешниҳоди даъво ва ҷуброни талафот аз тарафи фурӯшанда ба ҳама маълум нест.

Экспертизаи молҳо то кушодани воситаи нақлиёт гузаронида мешавад. Дар шӯъбаи экспертиза ва сертификатсияи  ПСС-и вилояти Суғд мутахассисони сатҳи  баланди таҷрибаи ихтисосии дорандаи маълумоти махсус дар ин соҳа фаъолият доранд. Санадҳои экспертизаи аз тарафи ПСС додашуда барои ҳалли мубоҳисаҳо ва пешниҳоди  даъвоҳо оиди ҷуброни талафот ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар хориҷа қувваи ҳуқуқӣ дошта, эътироф карда мешаванд.

Шӯъбаи экспертиза ва сертификатсия бо кафолати самаранокии баланди хизматрасониҳо соҳибкорон ва корхонаҳо-иштироккунандагони фаъолияти иқтисодии берунаро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.