Фаъолияти намоишдиҳӣ

Яке аз шаклҳои афзалиятнок ва самараноктарини маркетинг иштирок дар намоишгоҳи савдоии махсусгардонидашуда мебошад. Аз ҳамаи гуногунтарзии шаклҳо ва намудҳои фаъолияти маркетингӣ хусусан намоишгоҳҳо воситаи амалкунандаи дастрас маълумотҳои доир ба молҳои нав ва хизматрасониҳои зарурӣ ба субъектҳои бозор гаштааст, чунки он дар худ шаклҳои маъмули корбарӣ бо мизоҷонро дар бар мегирад.

Чӣ хеле, ки маълум аст моҳияти фаъолияти намоишдиҳӣ таркиби зарурии инкишофи сармоявии корхона шуда истодааст.

Хизматрасониҳои ПСС вилояти Суғд дар соҳаи фаъолияти намоишдиҳӣ:

– ташкил ва баргузор намудани дархостҳои намоишдиҳӣ, конфронс ва дигар чорабиниҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он;

– мувофиқи дархост баргузор намудани бизнес-форумҳо дар чорчӯбаи чорабиниҳои намоишгоҳӣ-ярмаркавӣ;

– баргузор намудани муаррифӣ, аксияҳои рекламавӣ ва дигар чорабиниҳо.

Хизматрасониҳои ташкилӣ дар чорчӯбаи чорабиниҳои дархостӣ:

– дарёфти шарикони ҳамкор барои иштироккунандагони намоишгоҳҳои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ташкилкарда ё дастгиршаванда;

– даъвати маърӯзачиён дар конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо ва корбариҳои минбаъда ба онҳо;

– ташаккули намояндагони тиҷорати тоҷик барои ташрифи чорабиниҳои намоишгоҳӣ-ярмаркавӣ ва конфронсҳо дар хориҷа;

– ташкили иштирок дар чорчӯбаи намоишдиҳии коллективии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои намоишдиҳӣ-конгрессии хориҷӣ.