Фотогалерея
Вохӯрӣ бо ширкатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон
Дар доираи сафари соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Суғд санаи 21-уми январ дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд вохӯрии соҳибкорон ва кишоварзони вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистонро директори Ҷамъияти саҳомии Маркази рушди сиёсати савдои «Казтрейд» Нурали Букейхонов роҳбалади намуд.
Дар вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузорӣ, маҳсулотҳои кишоварзии истеҳсолмешудаи вилоят ва ҳаҷми содироти онҳо ба меҳмонон муаррифӣ гардид.
Ҳамчунин аз ҷониби Нурали Букейхонов, муаррифии ширкатҳои Қазоқистон, мақсади сафар ба вилояти Суғд ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт.
Иброз гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Қазоқистон серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар метавонанд барои содироти маҳсулоти полезӣ, меваи хушку тар ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Дар ҷараёни вохӯриҳо доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили содироти маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ намуданд.
Бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳусулоти полезӣ аз қабили пиёз, сабзи, карам, турб ва меваҳои зардолу, гелос, ангур ва хушкмеваҳо миёни ҶДММ “Зардолу ва К” ва ҶДММ "Скиф Трейд", ҶДММ “Меваб сабзавот” ва ҶДММ “Lion Fruit”, ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” ва ҶДММ “Umay Agro Impex”, ҶДММ “Агробиёхим” ва ҶДММ "Скиф Трейд" шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.