Вохӯрӣ  бо ширкатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон

Дар доираи сафари соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Суғд  санаи 21-уми январ дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд вохӯрии соҳибкорон ва кишоварзони вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистонро директори  Ҷамъияти саҳомии Маркази рушди сиёсати савдои «Казтрейд» Нурали Букейхонов роҳбалади намуд.

Дар вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузорӣ, маҳсулотҳои кишоварзии истеҳсолмешудаи вилоят ва ҳаҷми содироти онҳо ба меҳмонон муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби Нурали Букейхонов, муаррифии ширкатҳои Қазоқистон, мақсади сафар ба вилояти Суғд ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт.

Подробнее...