Сафари намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Нижегороди ФР
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт 8 феврали соли 2023 гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Нижегороди Федератсияи Россия сафар намуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи В.П.Чкалови шаҳри Нижний Новгород намояндагони вилояти Суғдро масъулони вилояти Нижегород истиқбол гирифтанд.