• Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • (+992-3422) 6-16-40

Дар шаҳри Нижний Новгород бизнес-форуми доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд ва вилояти Нижегород баргузор гардид

Дар толори Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижегороди Федератсияи Россия бизнес-форуми доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд ва вилояти Нижегород баргузор гардид.

Дар кори бизнес — форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  и.в губернатори вилояти Нижегород Андрей Гнеушев, роҳбарон ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати вилоятҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони корхонаву ширакатҳои ду вилоят иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат дар бизнес-форум вобаста ба вазъи иқтисодиёти вилоят, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ маълумот дода, қайд намуд, ки барои амалисозии иқдомҳои наву манфиатбахш дар ҳамаи соҳаҳо имкониятҳо фаровон аст.

Подробнее: Дар шаҳри Нижний Новгород бизнес-форуми доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд ва вилояти Нижегород...

Шиносоии ҳайати вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаи саноатии «Промавто»

Дар рӯзи дуюми сафар ба вилояти Нижегороди Федератсияи Россия ҳайати вилояти Суғд бо роҳбари Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Нижний Новгород бо фаъолияти корхонаи саноатии «Промавто» шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар корхонаи азими саноатӣ мошинҳои махсус, аз ҷумла мошинҳо барои кашонидани маводи ғизоӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, лабараторияи сайёр ва контейнерҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, мошинҳои хизматӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳолатҳои фавқулода истеҳсол карда мешавад.  

Подробнее: Шиносоии ҳайати вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаи саноатии «Промавто»

Сафари​ намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд​ ба вилояти Нижегороди ФР

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт 8 феврали соли 2023 гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Нижегороди Федератсияи Россия сафар намуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи В.П.Чкалови шаҳри Нижний Новгород намояндагони вилояти Суғдро масъулони вилояти Нижегород истиқбол гирифтанд.

Подробнее: Сафари​ намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд​ ба вилояти Нижегороди ФР