• This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
  • (+992-3422) 6-16-40

 

Рӯйдодҳо

18-19 июн Ярмаркаи

Рӯзҳои 18-19 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи XII

17-19 июн Ярмаркаи

Рӯзҳои 17-19 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи X

Иштироки

Санаҳои 22-25 феврал дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон  9-умин Намоишгоҳи байналмилалии

Имзои созишномаи

Дар толори Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижегороди Федератсияи Россия бизнес-форуми доираҳои

Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Палата дар вилоти Суғд

23 феврал дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии кории Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмонали бо аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба масъалаҳои таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ бахшида шуд.

Вохӯриро Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Аҳмадзода Ҷумабой  ифтитоҳ намуда дар  аҳамияти муколамаи мустақими байни роҳбарияти Палата ва бахши воқеии қайд намуд.

Раиси ПСС ҶТ Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмонали зимни баромади худ дар бораи хизматрасониҳои Палатаи савдо ва саноат ба аъзоён ва мавқеъи он дар рушди бахши хусуси, муфассал суханронӣ кард.

«Вазифаи муштараки мо — фароҳам овардани фазои мусоид барои ҳар як соҳибкор аст. Палатаи савдо ва саноат омода аст ҳамчун пули боэътимод миёни соҳибкор ва давлат баромад карда, манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватаниро ҳимоя намояд», — таъкид дошт Раҳмонализода Фарҳодшоҳ.

Таваҷҷуҳи хоссаро Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмонали ба ибтикори баргузории озмуни «35 Шарики боэътимоди сол» ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир намуд.

Пас аз суханронии Раиси Палата, вохӯрӣ дар шакли мубоҳисаи озод идома ёфт. Соҳибкорон оид ба дастгириҳои давлати ва имтиёзу сабукиҳои Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, доири мушкилоте ё монеаҳоеро, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, мустақиман баён кунанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки муваффақияти иқтисодиёт аз муттаҳидии доираҳои корӣ вобаста аст. Раиси ПСС ҶТ ба соҳибкорони суғдӣ барои саҳмашон дар буҷети кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, итминон зоҳир кард, ки корхонаҳои минтақа дар озмуни ояндаи «Шарики боэътимоди сол» мавқеъҳои пешсафро ишғол хоҳанд кард.

ВИДЕО

Видео

02.03.2023

300 адад аъзои палата

 
Ба Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  300 адад корхонаву ташкилот аъзо мебошанд, ки дар ҳамаи ярмаркаю конфронсҳои тиҷоратии дохили ва хоричи иштироки фаъолона доранд

Бастани 200 шартнома

 
Соли 2022 аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд зиёда аз 200 шартномаи тиҷоративу ҳамкорӣ бастаанд, ки барои иқтисодиёти кишвар саҳми беандоза дорад

600 хизматрасонӣ

 

Дар соли 2022 ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон дар вилояти Суғд 600 хизматрасониҳои ҳуқуқиву тиҷоратӣ расонида шуд

         
Исполнительный орган государственной власти Согдийской области Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан Свободная экономическая зона Сугд Программа развития ООН Германское общество по международному сотрудничеству
         
Торгово-промышленная палата России  Белорусская торгово-промышленная палата  Торгово-промышленная палата Республики Казахстан  Торгово-промышленная палата Республики Узбекистан  Могилевское отделение БелТПП