Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар Намоишгоҳи байналмилалии соҳаи сохтмони «UzBuild-2026»

Ҳайати вилояти Суғд санаҳои 10-12 феврал дар Намоишгоҳи байналмилалии соҳаи сохтмони «UzBuild-2026» дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд. Иштирок дар ин намоишгоҳ ба ширкатҳои сохтмони имконият дод, ки омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи сохтмон ва тақвияти робитаҳои мустақими шарикӣ миёни сохтмончиёни минтақавӣ ва таъминкунандагони байналмилалии технологияҳо дидан намоянд.
Ба ҳайати иштироккунандагон, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, ҶДММ «Евростройсервис», ҶДММ «Сомон Чабборзода», ҶДММ «Манзили Равшан», ҶДММ «Хучандмеҳр», ҶСК «ПИЛЧ САНИИОСП» ва намояндагони Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд шомил буданд.
Барои сохтмончиёни иштирок дар чунин як намоишгоҳи бузург ин як зарурати стратегӣ мебошад. Намоишгоҳ ҳамаи бахшҳои сохтмониро дарбар мегирифт ва аз блокҳои таҳкурсӣ ва техникаи вазнини махсус сар карда, то ҷузъиёти нозуки тарҳрезии дохилӣ ва системаҳои хонасозиро фаро гирифт.
Аъзоёнии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар вохӯриҳои B2B фаъолона иштирок намуданд. Тавре иштирокчиён қайд карданд, ин намоишгоҳ рушди босуръатро дар соҳаи сохтмон нишон дод ва ин барои соҳибкорони тоҷик имконияти хубест ҷиҳати пайдо кардани шарикони боэътимод барои лоиҳаҳои муштарак ва омӯхтани таҷрибаи пешрафта.










Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан
Свободная экономическая зона Сугд
Программа развития ООН
Германское общество по международному сотрудничеству
Торгово-промышленная палата России
Белорусская торгово-промышленная палата
Торгово-промышленная палата Республики Казахстан
Торгово-промышленная палата Республики Узбекистан
Могилевское отделение БелТПП