Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
Супоридани шаҳодатномаҳо ба аъзоёни нави Палатаи савдо ва саноат

30 апрели соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳои аъзогӣ баргузор гардид.
Маросимро муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Қобилзода Ғайрат ифтитоҳ намуд. Вай зимни суханронии худ аъзоёни нави Палатаро табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳо самарабахш хоҳанд буд. Инчунин, ӯ дар бораи афзалиятҳои аъзогӣ дар ПСС, аз ҷумла дастрасӣ ба шабакаи васеи алоқаҳои корӣ, иштирок дар чорабиниҳои гуногун, гирифтани машваратҳо ва ғайраҳо маълумот дод.
Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 20 ширкат иштирок намуданд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ба аъзоёни нави ПСС ҶТ шаҳодатномаҳо супорида шуд. Дар байни аъзои нави Палата ширкатҳои зерин муаррифӣ шуданд: ҶДММ «Ҷаҳон сохтмон», ҶДММ «Ҷӯҷаи Заррин», ҶДММ «ОСИЁ ИНВЕСТ», ҶДММ «Саразми Бӯстон», ҶДММ «Манзили Обод», Коргоҳи дӯзандагии «Ганҷи ҳунар», Ҳунарманд Ниёзова Матлуба, Маркази ҳунарҳои мардумии «BoDil», Ҳунарманд «Раҳмонова Муҳаббат», Соҳибкор «Орифова Шаҳло», Ҳунарманд «Эрматова Замира», соҳибкорони инфиродӣ ва дигарон.
Дар рафти чорабинӣ муҳокимаи фаъоли дурнамои рушди ҳамкориҳо бо мақсади пешрафти ҳамаи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ сурат гирифт.












Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан
Свободная экономическая зона Сугд
Программа развития ООН
Германское общество по международному сотрудничеству
Торгово-промышленная палата России
Белорусская торгово-промышленная палата
Торгово-промышленная палата Республики Казахстан
Торгово-промышленная палата Республики Узбекистан
Могилевское отделение БелТПП