Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташрифи ҳайати меҳмонон бо роҳбарии сафири Фаронса ба ПСС вилояти Суғд

Ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса ва Осиёи Марказӣ бо сафари расмӣ дар дар вилояти Суғд қарор дорад. Дар доираи сафар санаи 27 апрел ҳайати меҳмонон бо роҳбарии сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ташриф оварданд.
Омири кулли палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумабой Аҳмадзода ҳайати меҳмононро ба ҳузур пазируфт. Дар фазои самимӣ ва созанда оид ба вазъи сармоягузорӣ ва имкониятҳои содиротии вилоят ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Меҳмонон аз толорҳои намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоят, ки ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда мебошад дидан намуданд ва таваҷҷӯҳи хоса барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорон иброз намуда роҳҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили хушкмева, консерва, асал ва афшураҳои мевагиро баррасӣ намуданд.













Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан
Свободная экономическая зона Сугд
Программа развития ООН
Германское общество по международному сотрудничеству
Торгово-промышленная палата России
Белорусская торгово-промышленная палата
Торгово-промышленная палата Республики Казахстан
Торгово-промышленная палата Республики Узбекистан
Могилевское отделение БелТПП