Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
Семинар барои корхонаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи бизнес-инкубатсия, ки аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) маблағгузорӣ мешавад, бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд санаи 26 январ барои соҳибкорони вилояти Суғд семинар дар мавзӯъҳои баланд бардоштани иқтидори содирот ва масъалаҳои марбут ба андозбандӣ мутобиқи Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар портали электронии Кумитаи андоз доир намуд.
Дар семинар муовини Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ғайрат Қобилзода ва муовини роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Сано Акихара иштирок ва суханрони намуданд.
Коршиносони семинар оид ба содирот Фирдавс Тошпулотов, оид ба андозбандии электронӣ ва ҳуҷраи шахсии андозспоранда Мавлоно Ғафуриён ба иштирокчиён маълумоти муфассал манзур намуданд.
Дар семинар зиёда аз 20 нафар сохибкорон, аъзоёни Палата иштирок карданд.
Семинари мазкур ба соҳибкорон имкон дод, ки донишҳои худро оид ба талаботи зарурӣ дар соҳаи содироти маҳсулот ва оид ба масъалаҳои андозбандӣ такмил дода, ба саволҳои худ аз коршиносон ҷавобҳои мушахас гирифтанд.