Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИШТИРОК ДАР НАМОИШГОҲИ «ПРОДЭКСПО-2024»

Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «Продэкспо-2024» дар шаҳри Москва санаҳои 5-9 феврал доир гардид, ки дар ин намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои “Кошона Груп”, “Экофрукт”, “Меваҳои Куҳистон” ва “Субҳи Ватан” боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 2100 ширкат аз 40 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Беларус, Туркия, Федератсияи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Чин, Сербия, Чили ва дигарон иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин гуна намоишгоҳҳо ин муаррифии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мебошад.
Дар доираи намоишгоҳ аъзоёи Палатаи савдо ва саноат бо роҳбарони якчанд ширкат ва марказҳои тиҷоратӣ бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди маҳсулот ва ташкили корхонаҳои муштарак вохӯрӣ намуда, дар форуму мизҳои мудаввар, ки дар доираи намоишгоҳ доир гардид иштирок намуданд.






Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан
Свободная экономическая зона Сугд
Программа развития ООН
Германское общество по международному сотрудничеству
Торгово-промышленная палата России
Белорусская торгово-промышленная палата
Торгово-промышленная палата Республики Казахстан
Торгово-промышленная палата Республики Узбекистан
Могилевское отделение БелТПП