Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имзои созишномаи ҳамкорӣ
Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдои вилояти Пенза созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаро омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ва раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Пенза Подобед Владимир Николаевич имзо гузоштанд.Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба рушди ҳамкориҳо байни соҳибкорони вилоятҳо ва ташкили сафари ҳайати тиҷоратии иқтисодии вилояти Пенза ба вилояти Суғд ибрози назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи хамкори дар доираи Конфронси нухум оид ба хамкории байниминтакавии Тоҷикистон ва Россия, ки санахои 2 ва 3 март дар шахри Душанбе идома дорад ба имзо расид.