Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташрифи намояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус ба вилояти Суғд
Таҳти роҳбарии Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко ва ҳайати ҳамроҳонаш Денис Курленко, муовини Раиси Кумиҷроияи вилояти Минск, Андрей Губкин, сардори равобити хориҷаи Кумитаи иқтисодиёти Кумиҷроияи вилояти Минск, Юлия Машук, директори генералии ширкати “Миноблмясомолпром”, Игор Горегляд, муовини директори ширкати “Минскоблхлебопродукт”, Сергей Улдинов, директори генаералии хоҷагии муттаҳидаи ҷангали вилояти Минск ва мушовири калони Сафорати Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Генадий Клига санаҳои 8-9 феврал ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати намояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус мулоқот намуда, масъалаи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Раиси вилоят ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ маълумот дод.
Таъкид шуд, ки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо шарикони худ аз Ҷумҳурии Белорус ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта, як қатор лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намудаанд.
Имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёд буда, вилояти Суғд метавонад дар бунёди корхонаҳои нав, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди мева ва сабзавот, коркарди пашму пӯст, саноати дорусозӣ, металлургия бо шарикони рушд ҳамкорӣ намояд.
Меҳмонон ҳадафи сафари худро шиносоӣ бо вазъи иқтисодиёти вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ арзёбӣ карда, барои таҳқими робитаҳои иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Дар доиари сафар меҳмонон бо раванди истеҳсолот дар коргоҳҳои ҶДММ "Порсои Хуҷанд", ҶДММ "Маҳмудов Г." ҶДММ “Ҷавонӣ”, Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва МД Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дидан намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ахмадзода Ҷумабой Раҷаб бо директори генералии ширкати “Миноблмясомолпром”, Игор Горегляд, муовини директори ширкати “Минскоблхлебопродукт”, Сергей Улдинов, директори генаералии хоҷагии муттаҳидаи ҷангали вилояти Минск вохӯрӣ доир намуда, барои дар оянда ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва иштирок дар намоишгоҳҳои соли 2024 доир шаванда ибрози назар карда шуд.