Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон
22-24 июн Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» доир мегардад
Рӯзҳои 22-24 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» гузаронида мешавад. Дар ин бора рӯзи 27 январ қарори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид.
Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли нуҳум аст, ки дар вилояти Суғд ташкил карда мешавад.
Дар доираи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонанд.
Соли 2022 дар VIII Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022", ки санаҳои 17 ва 18 июн доир гардида буд 500 нафар меҳмонон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.
Дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" 200 корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Белоруссия, Ӯзбекистон, Эрон, Туркия ва Чин маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" миёни роҳбарону намояндагони ташкилотҳову ширкатҳо, соҳибкорони хориҷӣ ва вилояти Суғд вохӯрии В2В баргузор гардида, 60 шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Барои пайдо намудани малумоти бештар ва иштирок намудан дар IX Ярмаркаи байналмилалии савдои «Суғд – 2023», Шумо метавонед тариқи почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ва телефонҳои +992 92 7738077, (83422) 6-16-40 ва 6-18-17 ба Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд муроҷиат намоед.